Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Фаъолияти адабии Мустафо Шарқӣ бештар ҳикоя, шеърҳои бачагонро дар бар мегирад. Ӯ бачагонро дӯст медошт ва барои онҳо бештар эҷод мекард.

5 октябри соли 1985 Мустафо Шарқӣ дар синни 65-солагиаш дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид ва ӯро дар оромгоҳи зодгоҳаш Қаратоғ ба хок супориданд. Дар рӯзи 70-ӯмин солгарди шоир ва нависанда (11 октябри соли 1990) аъзоёни маҳфил ба поясанги марқади ӯ гулчанбар гузошта, шеърҳои бачагони ӯро қироат мекунанд ва хотираи дурахшони ӯро бори дигар пеши назар меоранд. Дар ҳамин рӯз, яке аз отрядҳои пионерие, ки номи Мустафо Шарқиро дорост, дар мактаб ҷамъомади пионериро бахшида ба ин ҷашн мегузаронанд.

Р. Ҷӯрабоев, омӯзгор.

Рӯзномаи «Ленин йӯли», 9 октябри соли 1990.
Субҳ дамид ва нурҳои офтоб ба қуллаҳои кӯҳҳо расиданд, дар поён, дар водии иҳотаи силсилакӯҳҳо, шаҳр бедор мешуд.

  • Ин кайҳо буд, - андешамандона ба шаҳр нигариста, аз дил гузаронд бобои Ҳасан. - Ман дар синну соли Чиғӯяк будам.

  • Бобоҷон, бобоҷон, нигоҳ кунед! Чӣ тавр зебо! Бобои Ҳасан рӯяшро гардонида, Чиғӯякро дид. Ӯ дастҳояшро ба мисли парранда боз намуда, бозавқ ба тулӯи офтоб менигарист. Баҳор барвақт омад ва агар аз дур ба дара нигаред, ба назар чунин мерасад, ки гӯё онро барф пӯшонидааст. Вале инҳо дарахтони себ буданд, сар то қадам гулпӯш. Бӯи хуши дарахтон дар тамоми дара паҳн шуда буд ва насими сабук онро боз ҳам дуртар мебурд, ба водӣ.

  • Агар ба шаҳр аз баландии назар кунӣ, хеле хурд менамояд, - андешаи бобои Ҳасанро канд Чиғӯяк.

Дар иҳотаи гулу сабза, дар водӣ, шаҳри азизи ӯ Душанбе ҷойгир аст.

пешина
аз 349
навбатӣ