Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

РЕЗАҲИКОЯҲО

Ману ту

Райҳон аз акояш пурсид:

  • Бо киштии фалакпаймо кӣ аз ҳама баланд парвоз мекарда бошад?
  • Ману ту-дия, ҷавоб дод Ҳошим. - Мо, ки бузург шудем, киштиҳои ҳозира кӯҳна мешаванду ба ҷои онҳо киштиҳои нав месозанд, ки дар як мижжа задан моро ба Миррих мерасонанд.

Эҳтиёткор

Ҳошим Носирҷонро дар рӯи зини хар чаппасавор дида, тааҷҷуб кард:

  • Чаро ба хар чаппа савор шудӣ?
  • Рафтуйи мошинҳоро намебинӣ! - ҷавоб дод Носирҷон. - Мо бояд эҳтиёт шавем: хар ба пеш менигарад, ман ба - қафо.
пешина
аз 349
навбатӣ