Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

карда, «Алвидоъ, рафиқони ҳамярокам!» гуфт. Ҳамин дам овози марде шунида шуд, ки мегуфт:

  • Ҳой партизанҳо! Шумо аз отряди Кононенко? Андрейкаи ман ҳамроҳи шумо будааст, илтимос ӯро ба ман нишон диҳед. Ман - падари Андрейка...

Аз шунидани ин овоз Маруся саросемавор бо мӯйҳои парешон ҷаста аз ҷой хест. Марде андаке лангида саросема-саросема қадам зада, ба роҳгузарҳо муроҷиат мекард. «Оре, ин падари Андрейка, Степан Сабуров», - гуфт дар дил Маруся ва ҳангоме ки мард ба сари қабр расид, вай «Степан амак!...» гӯён бо нолаи ҷонкоҳ худро ба оғӯши ӯ андохт.

Мард гӯё аз рӯй додани воқеаи мудҳише пай бурд, ки ранги рӯяш парид, дарақ-дарақ ларзидан гирифт.

  • Ту кистӣ, духтарам? Андрейкаи ман куҷост, Андрейка?...

Марияро гиря гулӯгир карда буд, гап зада наметавонист. Партизане дасташро ба китфи Степан Сабуров гузошта бо овози гирифта гуфт:

  • Бубахш, бародар, ҷанг-ҷанг аст ва бе қурбонӣ намешавад...

Ҷанговари дигаре илова кард:

  • Андрейка қаҳрамонона ҳалок гардид, - ин вай хоктудаи қабрро нишон дод, - қабри ӯ...
  • А?! - наъра зад Степан ва ҷасадашро ба рӯи хоктудаи қабр партофта ба нола даромад: - Андрейка, азизакам, ҷонакам... Ман ба дидани ту омадам... Чаро ту... Оҳ, мани бадбахт...

Аз нолаи ҷонкоҳи Степан дигарон ҳам беихтиёр ашк рехта, сар хам карданд. Роҳгузарон ин ҳолатро дида, аз роҳ бозистода мепурсиданд: «Киро дафн кардед?»
Партизанҳо ба ҳурмати хотираи Андрейкаи диловар бо дили пур аз андӯҳ сар набардошта ҷавоб медоданд:

  • Қаҳрамононро!
пешина
аз 349
навбатӣ