Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Хайрияте, аз як бало халос шудем, - гуфт Анастасия Андреевна.

  • Аз фашистони лаънатӣ илоҷе карда халос шудан осон, бало занад хоинони ватанро Андрейка, шарм накарда, эзори одамро ҳам фуроварда мебинанд.

Андрейкаю Анастасия Андреевна аз ину он гап зада чӣ тавр аз Чернухино баромада монданашонро надониста монданд. Онҳо бо роҳи калони мошинагард, ки ба сӯи шимол тӯл мекашид, роҳ мерафтанд. Аз ин роҳ автомашинаҳо, танку тӯпҳои худгард, мошинҳои санитарии фашистон сӯи хати пеши ҷанг ҳаракат мекарданд. Аз дуродур садои тарқиши снарядҳои тӯпҳои дурзан ба гӯш мезад. Аз самти шарқ дар фазои баланд даҳ-дувоздаҳ самолёти «Илюшин-2» ба самти Ғарб парвоз мекард. Аз ду тараф ва аз қафо самолётҳои қиркунандаи навъи «Лавочкин» ҳамроҳӣ карда мерафтанд.

Як вақте аз самти ғарб як гурӯҳ самолётҳои қиркунандаи навъи «Мессершмидт»-и фашистон пайдо шуда, бо самолётҳои мо ба ҷанг даромаданд. Ҷанги ҳавоӣ сар шуд. Дар айни ҷӯшу хурӯши ҷанги ҳавоӣ сарнишинҳои мо як ҳавопаймои қиркунандаи фашистонро зада афтонданд. Лаҳзае нагузашта аз як ҳавопаймои мо ҳам дуд баромада, баъд он сарозер шуд.

  • Чаро сарнишин худашро бо парашют намепартояд? - гуфт Анастасия Андреевна.

  • Мумкин ҳозир партояд, - гуфт дар ҷавоб Андрейка.

Ҳавопаймо дуд карда торафт ба замин наздик мешуд.

  • Афсус, ки дер шуд, - гуфт Андрейка, - эҳтимол сарнишин сахт маҷрӯҳ шуда бошад.

Ҳамин дам ҳавопаймо тақрибан як-ду километр аз онҳо дуртар сарозер ба замин бархӯрда, таркид...

  • Ана, тамом, - гуфт Анастасия Андреевна - пагоҳ ё фардо ба падару модар ва ё оилаи ӯ хати сиҳҳат мефиристанд.
пешина
аз 349
навбатӣ