Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

барфолуд ба сару рӯяш зада, ба роҳгардӣ халал мерасонд. Ин буд, ки Андрейка ҳар замон дасти росташро ба пешона гузошта, бо сари ҳам роҳ мерафт. Анастасия Андреевна ҳам аз рӯи камзӯлчаи пахтагӣ палтои нимдошти гарм пӯшида, дар сар рӯймоли пашмини кӯҳнаро баста, гиребони палтояшро боло карда, роҳ мегашт. Ӯ дар даст симтӯрхалта дошт, ки дар он нону тухм гузошта буд.

Онҳо акнун аз пасткӯчаи бинои назди пойгоҳи обкашӣ гузашта, ба самти шимолии шаҳр баромаданӣ буданд, ки аз рӯ ба рӯ ду нафар гестапочиён автомат дар китф баромаданд. Ҳанӯз рӯз нашуда буду аз дур касе касеро дуруст намешинохт. Гестапочиён ба онҳо наздик шуда, фарёд карданд.

  • Хенде хоҳ!

Андрей ва Анастасия Андреевна беихтиёр дастонашонро боло карданд.

Гестапочии якум ба Анастасия Андреевнаю Андрейка наздик шуда гуфт:

  • Шумо кистед?! Дар ин саҳарии барвақт куҷо меравед?

Анастасия Андреевна рухсатномаашро бароварда нишон дод. Андрейка ҳам. Гестапочӣ фонусчаи киссагиашро бароварда, ҳар ду рухсатномаро бо диққат аз назар гузаронд. Алалхусус вай ба муҳри рухсатнома ва имзои он диққат дод. Гестапочии дуюм бошад, симтӯрхалта ва борхалтаи Андрейкаю Анастасия Андреевнаро дида баромад. Сипас боғазаб ба Андрейка назар карда гуфт:

  • Канӣ, шапкаатро аз сар гир, ту, кампир, сарпечатро кушо!

Онҳо итоаткорона фармони гестапочиёнро иҷро карданд. Фашистон борхалтаю симтӯрхалтаро чаппаю рост карда, сонӣ аз сар то пойи онҳоро кофтуков карда, ҳеҷ чиз наёфтанд ва ҷавоб доданд.

пешина
аз 349
навбатӣ