Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан
  • Кифоя, Василий, кифоя, - ҷавоб дод Харитон-амак, - Ана, давои дарди гулӯ ҳам ёфт шуд. Равған мекардем-дия.

Ҳама хандиданд.

Маруся омада монд ва он чиро, ки дар рӯи миз буд, дида пурсид:

  • Шабхӯшӣ мекунед магар?

  • Не, - ҷавоб дод Василий сар ҷунбонида, - тӯй дорем.

  • Чӣ хел тӯй?

  • Марусяҷонро ба граф Генрих ба занӣ медиҳем.

Маруся қаҳ-қаҳ зада хандид.

  • Ана гап дар куҷо, - гуфт ӯ ба яке аз курсҳо нишаста. - Бояд тӯй хуб гузарад.

Кадоме аз партизанҳо гуфт:

  • Албатта, ду даст пеши бар ором намешинем, хизмат мекунем, хонум.

  • Ташаккур мегӯям.

  • Ханда-хандаю кор-кор, рафиқон, - гуфт Василий диққати ҳамаро ба худ ҷалб карда. - Биёед, аз хусуси амалиёти дарпешистода гап мезанем.

Вай рӯяшро ба Маруся гардонид.

  • Фардо, эҳтимол баъди нисфирӯзӣ, ба ин ҷо ҷонишини коменданти истгоҳи роҳи оҳани Чернухино шиноси деринаамон ҷаноби Генрих меояд. Вай барои дар наздикиҳои Лукашино сохтани истеҳком ҷо интихоб менамояд. Вазифаи мо: бояд ҷаноби Генрихро «хуб истиқбол» гирифта, баъд сиҳату саломат ба қароргоҳи отряд расонем.

Маруся китф дарҳам кашида гуфт:

  • Намефаҳмам: «истиқбол», «сиҳат саломат»...

Василий фаҳмонд:

  • Омадани Генрих аниқ. Вай дар ин ҷо албатта вақташро дар хонаи ту мегузаронад. Ту кӯшиш кун, ки Генрих бисёртар нӯшад, маст шавад. Харитонамак
пешина
аз 349
навбатӣ