Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

шаб то субҳидам суруд хонда мебаромадем. Духтарони бокибру ғуруре буданд, ки ба ҳар хел ҷавон тан намедоданд, аз вохӯрдан саркашӣ мекарданд. Дар байнамон ҷавонони шӯхе буданд, ки ин кори духтарони бовиқорро намебахшиданд ва аз алам шабона пинҳонӣ девори хонаи онҳоро бо қатрон сиёҳ карда мерафтанд. Ана пагоҳӣ хандаи пиру ҷавонро медидед-а!

Харитон амак кафи дасташро пеши даҳон бурда сулфа кард. Шамол хӯрдам, аз афташ. Пири-дия. Чаро рост истодаед? Канӣ, шинед!

Ҳар кас дар ҳар ҷояке дар паси миз ба курсӣ, дигаре ба лаби кат, сеюмин дар кунҷе рӯи фарш нишастанд.

Василий хандида гуфт:

  • Духтар, ки гуфтед, мо ҳам аз духтар сар мекунем, Харитон амак, лекин охир, дар торикӣ чӣ хел мешавад-а: духтар гуфта ягон шайтони лаъинро ба оғӯш накашем?

  • Ҳозир-дия, - гуфт Харитон-амак назди тиреза омада ва фонусеро, ки дар рафи он истода буд, даргиронида ба рӯи миз гузошт. - Фаромӯш накунед: ман арбоби деҳа ҳастам ва дар симои фашистони немис хӯҷаинҳо дорам, ки маро бо ҳамаи чиз таъмин мекунанд, аз ҷумла бо керосин ҳам. Дидед, дар рушноӣ сӯҳбат кардан чӣ хел хуб-а!

  • Ҳамин ҳозир духтар ҳам омада мемонад, Харитон-амак, як базми ҷамшедӣ ташкил мекунем-дия.

  • Аз омадани духтар тааҷҷуб намекунам, - гуфт Харитон-амак дар паҳлӯи Василий ба курсӣ нишаста, - тухмаш кам не, лекин базм бе кайф мешавад-мӣ?

  • Ҳозир-дия - гуфт Василий ҳам шуда аз пеши пояш борхалтаи сафариро гирифта, даҳонашро кушод. Баъд аз дарунаш чор қуттӣ консерви моҳигӣ, як-ду килограмм гӯшту равғани хук ва чор шиша арақи дастӣ ва як бухонка нони гирд бароварда, рӯи миз гузошт. - Ҳаминаш кифоя, Харитон-амак?

пешина
аз 349
навбатӣ