Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ситорагармеро дид, ки ҳалимакак буд ва лабонаш ба кас табассум мекарданд.

  • Марҳамат, ба хона даро, - гуфт Маруся бо камоли эҳтиром. - Партизанҳо аз хусуси ту гап зада буданд.

  • Шояд, - гуфта монд Андрейка.

  • Номат чӣ?

  • Номам Андрейка, вале дар рухсатнома Володя навишта шудааст, - гуфт Андрейка.

  • Падару модар дорӣ?

  • Аҳли оиламонро фашистон парронданд.

  • Ба Чернухино назди кӣ меравӣ?

  • Назди холаам.

  • Холаат чӣ ном дорад?

  • Анастасия Андреевна.

  • Ӯ чӣ кор мекунад?

  • Намедонам.

  • Хонаашро медонӣ?

  • Не, намедонам, - ман бори аввал ба он ҷо меравам.

  • Барои ба Чернухино рафтан рухсатнома дорӣ?

  • Дорам.

  • Канӣ, нишон деҳ.

Андрейка аз киссаи чапаш коғази чоркунҷаеро бароварда ба Маруся дароз кард. Маруся коғазро гирифта кушод. Дар он чунин навишта шуда буд:

«Рухсатнома

Дода шуд ба Владимир Бородин дар ин хусус, ки ба ӯ рухсат дода мешавад ба истгоҳи роҳи оҳани Чернухино ба назди холааш Анастасия Андреевна равад. Муҳлати рухсатнома ду моҳ.

Коменданти шаҳри Лисичанск
обер-лейтенант П. М.».

пешина
аз 349
навбатӣ