Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
- Барои ба истгоҳ даромадан рухсатнома лозим аст,
- гуфт Маруся.
- Медонам, вай рухсатнома дорад.
- Ин тавр бошад, кор осонтар аст. Охир одамони гестапо, «СС»-чиён, политсайҳо, кормандони комендатураи истгоҳ одамони нав ба Чернухино омадаро тафтиш мекунанд, агар ҳуҷҷат надошта бошад, ба ҳабс мегиранд.
- Инаш ҳам ба мо маълум, - гуфт Василий, - баъд аз ду ҳафта мо бармегардем ва аз ту ва писарча хабар мегирем. Василий Антонов бо ҳамроҳонаш ба хонаи Людмила Антоновна омада, бо Андрейка хайрухуш карданд ва баъд ба беша баргаштанд.
IV
Пас аз рафтани партизанҳо Маруся ба фикру андеша афтод. Вай медонист, ки иҷрои ин вазифа басо мураккабу пурхатар аст. Вале ҳозир кадом кор хатарнок нест? Баъд ин, ки имрӯз ё фардо Артиши Сурх ин ҷойҳоро озод мекунад ва одамон албатта ӯро барои бо фашист ишқварзӣ карданаш таъна мекунанд.
Пас, ягона роҳи худро сафед кардан ҳамин аст, ки бо партизанҳо робита карда, дар ҳар кор ба онҳо кӯмак расонад. Бо ҳамин фикру андеша Марусяро хоб бурд.
Аз байн як ҳафта гузашт. Рӯзи шанбе Маруся аз хоб хеста, сару либоси навашро дарбар кард, мӯйҳои тиллорангашро ба тартиб даровард, атру упо зада, ба оина нигарист. Аз тарсу ваҳме, ки як ҳафта муқаддам пас аз вохӯрдан бо партизанҳо вуҷудашро фаро гирифта буд, осоре намондааст. Чашмони чун осмон софи кабуд ва лабони борики базебаш гӯё механдиданд, баёзи гардани рӯи дарозаш ҳам басе дилкаш буд.
Садои тақ-тақи дар шунида шуд. Маруся дарро кушода, дар рӯ ба рӯи писарбачаи логарандом, вале

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо