Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Людмила Антоновна инчунин гуфт, ки «ана ҳамон рӯз афсари немис Марусяро ҳамроҳи худ ба истгоҳ бурд. Маруся баъди чор рӯз аз он ҷо баргашт. Аз ҳамон рӯз инҷониб Маруся ҳафтае як маротиба, яъне бегоҳии якшанбе ба Чернухино рафта, рӯзи душанбе бармегардад.

Партизанҳо қарор доданд, ки аз Чернухино баргаштани Марусяро интизор шаванд.

Гашти рӯзи душанбе Маруся аз истгоҳ баргашт. Василий Антонов, ки сардори разведка таъйин шуда буд, бо ду нафар партизан шабона рост ба хонаи Маруся рафтанд. Онҳо даричаи сари кӯчаро кушода, ба ҳавлӣ даромаданд.

Дар хона фонуси керосинӣ месӯхт. Аз тиреза ба хона нигаристанд. Маруся дар бар либоси хонагӣ дар ошхона машғули зарфшӯӣ буд. Василий ду нафарро дар берун гузошта, худаш ба дари хона наздик шуд ва онро оҳиста тиқ-тиқ зад.

  • Кистӣ ту?!

  • Одами худӣ, дарро кушо! - гуфт Василий оромона. Овози ғазаболуди Маруся баланд шуд:

  • Худӣ, худӣ! Ин одами худӣ кӣ будааст ва дар ин бевақтӣ ба вай чӣ даркор шудааст?

  • Маруся, дарро кушо мегӯям, кӣ буданамро баъд шинохта мегирӣ! Бо шунидани номаш Маруся гумон кард, ки дар берун ягон шиноси деринааш аст, ки ӯро хуб медонаду бо кори заруре дар бевақтӣ наздаш омадааст. Вай оҳиста занҷири дарро кушода, дар рӯ ба рӯ марди автоматдорро дид ва аз тарс забонаш гирифт. Василий ба хона қадам гузошта гуфт:

  • Натарс, Маруся, мо одамони худӣ, аз отряди партизанӣ.

Маруся саросема шуда монд, вале баъд аз оромона гап задан ва табассум карда истодани Василий таскин ёфта, партизанҳоро ба сари миз шинонд.

пешина
аз 349
навбатӣ