Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Дар хонааш кист?
  • Ҳеҷ кас не, - гуфт кампир, - модари пирашро ҳанӯз ду сол пеш ба хок супурда будем.
  • То ба ин ҷо омадани фашистон Маруся чӣ кор мекард?
  • Дар фермаи колхоз говҷӯш буд.
  • Бо сокинони деҳа чӣ тавр муносибат мекунад?
  • Беозор аст, ба касе кор надорад, - гуфт кампир.
  • Чанд вақт шуд, ки Маруся рухсатномаро истифода менамояд?
  • Як ду моҳ шуд-дия. Ҳамон вақтҳо ба деҳа шаш нафар фашистони мотосиклсавор омада, ба ҷойҳои намоёни деворҳо варақаҳо часпониданд. - Пиразан аз таги дастархони рӯи миз варақаеро гирифта ба Василий дароз кард. - Ана, яке аз онҳо.
    Дар варақа навишта шуда буд:

«Ба диққати сокинони деҳаи Лукашино

Комендатураи истгоҳи роҳи оҳани Чернухино ба диққати тамоми сокинони деҳаи Лукашино мерасонад, ки аз ҳамин рӯз эътиборан деҳа минтақаи хавфнок ҳисоб карда мешавад. Бе рухсатномаи махсуси коменданти истгоҳи Чернухино ба ягон ҷо баромада рафтан, алалхусус ба истгоҳ омадурафт кардани сокинони деҳа, инчунин аз дигар маҳалҳои гирду атроф ба ин ҷо омадани шахсони бегона тамоман манъ аст.
Шахсоне, ки ин фармонро иҷро намекунанду худсарона аз деҳа мебароянд, ё ба деҳа меоянд, инчунин шахсоне, ки бе рухсатномаи махсус ба Чернухино меоянд, дастгир карда мешаванд ва дигар ба деҳа барнамегарданд».

Коменданти истгоҳи роҳи оҳани Чернухино штандартенфюрер К. Л. Х.¹

1* Дар ин ва дигар саҳифаҳо номҳои фашистони немис ва партизанҳои гумном бо номҳои рамзӣ зикр ёфтаанд.

пешина
аз 349
навбатӣ