Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
-
Мехоҳӣ, ки боиси хандаи умум шавам? Аз ҳама
пеш худат масхара мекунӣ. -
Ба виҷдонам қасам, масхара намекунам, Анатолий Михайлович, - гуфт Саша ду кафи дасташро ба сандуқи дилаш гузошта. - Қасам мехӯрам.
-
Не, не Саша. Хотирҷамъ бош, эҳтиёт мешавам.
Аз деҳа баргаштани фашистонро интизор шудани партизанҳо дер кашид. Рӯз аз нисф гузашт ва онҳо бо шубҳа афтода, гумон карданд, ки эҳтимол фашистон шабро дар деҳа гузаронанд ва фардо пагоҳии барвақт чорворо ронда ба шаҳр баранд. Кадоме аз партизанҳо ба Сабуров таклиф кард, ки Саша Биденкоро барои разведка ба деҳа фиристананд, то ки ӯ дар он ҷо чӣ ҳолу аҳвол будан ва бо чӣ корҳо машғул шуда гаштани фашистонро фаҳмида баргардад.
- Боз камтар сабр мекунем, - гуфт Сабуров, - агар фашистон барнагарданд, шабона худам ба деҳа меравам. Алҳол ба ҷойҳои худ рафта истед.
Саша ва Анатолий нав ба ҷойҳои худ баргашта буданд, ки аввал ғур-ғури мотор ва баъд худи мотосикл намоён шуд. Суръати гашти мотосикл чандон тез набуд:
мотосиклрон ва он касе ки дар шафаташ менишаст, ба ҳар ду тарафи роҳ бодиққат зеҳн мемонданд.
Мотосикл дар хамгашти роҳ қарор гирифт ва одами дар шафати мотосиклрон нишаста фаромад. Вай як ба сӯи беша назар карда, баъд аз қисса сигордон баровард. Ҳар ду сигор кашида, ба тарафи деҳа нигариста, байни худ ким-чи мегуфтанд. Ҳамин дам мошинаи боркаш ҳам омада, дар наздикии мотосикл қарор гирифт. Кузови он пур аз хук буд. Ронанда ва ҳамроҳаш низ аз мошина фаромада, назди мотосиклрон омаданд. Маълум буд, ки онҳо галаи чорворо интизор ҳастанд. Ба ногаҳ садои тирпарронии автомат баланд гардид ва ҳар чор нафар фашист тир хӯрда, ба замин ғалтиданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо