Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
буд, - илова кард Шестернов, ки ӯро партизанҳо баъзан ҳазл карда барои дарозии қадаш «сафедор» мегуфтанд.
Шабро дар ҳамин ҷо гузарониданд. Биденко хеле вақт шеъру латифаҳои аҷойбу ғароиб гуфта, димоғи Анатолийро чоқ кард ва ғарибиҳои субҳдам ғанабаш бурд. Як вақте ғурриши мотосикл ва автомобилро шунида, бедор шуд ва Анатолийро дар ҷои хобидааш надид. Вай ва гурӯҳи Сабуров дар паси дарахтҳо камин гирифта, аз роҳ чашм намеканданд. Саша ҳам гавак кашида, назди онҳо рафт ва дар паҳлӯи Анатолий дар паси дарахти азиме дароз кашид. Як мотосикл ва аз паси он мошинаи боркаше, ки болояш кушода ва дар кузоваш шаш нафар фашистону политсайҳо менишастанд, гузашта сӯи деҳаи Боровская рафтанд.
-
Одамонашон даҳ нафар будаанд, - гуфт Биденко. - Дар деҳа ғайр аз арбоб чор нафар политсай ҳастанд, ҷамъ шонздаҳ нафар шуданд, - гуфт Сабуров ва муддате фикр карда, баъд суханашро давом дод: - Ба фикрам, мотосиклу мошинсаворон дар бозгашт то ҳамин ҷо, ки охири беша аст, бо гала ҳамроҳ шуда меоянду сони ҷои кушод, ки сар шуд, гузашта мераванд. Мо ин тавр мекунем: Анатолий ва Саша дар ҳамин ҷо истода, мотосиклу мошинро, ки пеш-пеш меоянд, интизор мешаванд, мо бошем, он тарафтар рафта, пинҳон мешавем; ҳамин ки ман аз автомат тир холӣ кардам, Анатолию Саша ба мотосиклрону шофёр ва мо ба политсайҳои аз қафои гала омадаистода тир холӣ мекунем. Муваффақият ба зуд ва ӯҳдабароёна амал кардани худамон вобаста аст.
-
Онҳо ҳамин тавр ҳам карданд. Саша ба рӯи дарахте баромада се-чор навдаи калонро шикаста ба поён партофт ва баъд аз дарахт фаромада ду навдаро дар майдончаи пеши беша, дар ҷои ки ду-се кунда менамуд, нӯг ба нӯг монд ва худаш дар паси онҳо дароз кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ