Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан- Анатолий Михайлович, - мегуфт Саша баробари Анатолий қадам зада; - дар ҳақиқат Пушкин шоири зӯр. Шоириаш як тараф, боз файласуф ҳам будааст.
- Пушкинро гаштаю баргашта хондан даркор, - мефаҳмӣ?
- Оре, - тасдиқ мекард Саша, - ман камсавод бошам ҳам, инро дарк кардам. Ана гӯш кунед:
Дар Сибир зери конҳои чуқур
Сабри магрурро нигаҳ доред.
Меҳнати сахту майли олиятон
Наравад ҳеҷ барабас, умед,
Хоҳари меҳрубони бадбахтӣ
Дар ҳамон торикии фарсуда
Чобукӣ, хуррамӣ диҳад ба шумо,
Бирасад вақти орзукарда...
Вақте ки Саша шеърро хонда шуд, Анатолий чуқур нафас гирифта гуфт:
- Ин сатрҳои Пушкин ҳозир моро ҳам рӯҳбаланд карда, талқин менамояд, ки умедамонро аз ҳаёт наканем, ҳар лаҳзаву ҳар соат ба мубориза омода бошем, барои мақсади худ расидан саъй намоем, ки ба бародару хоҳарон, падару бобоёни ҷабрдидаамон дасти ёрӣ дароз кунем, аз асорат озод шавем...
- Оре, - тасдиқ кард Саша, - дар бораи мазмуни шеър чуқуртар фикр карда, як китоб гап задан мумкин. Дастаи Сабуров торик нашуда, ба канори беша, ба он ҷое, ки Пискунов гуфта буд, расиданд ва бо разведкачиҳо, ки якеро Настеко ва дигареро Шестернов меномиданд, вохӯрданд.
- Фашистон ҳанӯз наомадаанд, - гуфт Настеко мӯйлабчаи заб-зардашро тоб дода, - ба деҳа нарафтаем ва дар он ҷо аз душман киҳо ҳаст, намедонем.
- Пискунов ба деҳа наравед гуфта таъкид карда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ