Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хонданбохабар шуда истанд: ба шумо фаҳмидани қувваи душман дар деҳа муҳим аст. Ҳозир хуб хӯрок хӯрда, қувват гиреду баъд ба роҳ бароед. Албатта бо разведкачиён вохӯред, дар бораи душман маълумот гиред. Фардо, ҳангоми чорворо ронда рафтани фашистон барои ҳуҷум ҷоеро интихоб кунед, ки ба беша наздик бошад. Фаҳмидед?
- Фаҳмидам, рафиқ командир, - ҷавоб дод Степан,
- чанд касро ҳамроҳ гирам?
Пискунов фикр карда гуфт: - Ду нафар разведкачӣ, худат - се нафар... Боз се кас гирӣ, мешавад. - Пискунов рӯ ба партизанҳо гардонида номбар кард:
- Биденко, Дуров, Захарченко! Ба назди ман!
Ҳар се давида омаданд. - Ҳамроҳи Степан Сабуров меравед ва бо фармони ӯ амал мекунед, - гуфт Пискунов ба партизанҳо,
- вазифаро худи Сабуров мефаҳмонад.
Партизанҳо, чӣ тавре Пискунов фармуда буд, хуб дам гирифта, ба роҳ баромаданд. Сабуров вазифаро фаҳмонд: - Фардо, тахминан, пагоҳӣ ё нисфирӯзӣ, фашистон чорво-моли аҳолии деҳаи маро зӯран гирифта, ба шаҳр мебаранд, мо бояд чорворо аз дасти онҳо зада гирем ва ба қароргоҳи худамон гирифта биёрем.
- Дар роҳ зада мегирем? - пурсид Анатолий.
- Бале, - ҷавоб дод Сабуров. - Метавонем, ки ба деҳа зада дароем, лекин баъди аз он ҷо рафтани мо аҳолиро азоб медиҳанд.
Партизанҳо саросема нашуда роҳ мерафтанд, суханҳои ҳазломез гуфта механдиданд. Ҳамин ки ба роҳ даромаданд, муносибати Саша Биденко бо Анатолий Дуров тамоман дигар шуд: вай дигар ба нафси Анатолий намерасид ва баръакс, кӯшиш менамуд, ки рӯҳашро бардорад, димогашро чоқ кунонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ