Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан- Дурӯғ не, Анатолий Михайлович, — гуфт Саша боз бо ифодаи ҷиддӣ, - ҳамин хел духтар ҳаст ва ман ошиқи шайдои ӯ шуда будам.
- Оқибаташ чӣ шуд охир? - пурсид Степан. - Росташро гап зан.
- Оқибаташ?
- Бале.
- Алавмон гуфта, аз ман рӯ гардонд, ба як техник-муҳандис ба шавҳар баромад, вассалом.
- Ана ҳаминро мегуфтию мемондӣ-дия, лофзан, - таъна кард Анатолий.
- Аз чӣ хусусе, ки гап равад, албатта Туркияро часпонида гап мезанӣ. Чаро?
- Ба хотири шумо-дия, Анатолий Михайлович, - самимона хандид Саша. - Охир шумо орзу доштед, ки туркдухтареро ба занӣ гиред. Асираи Степан Разин барин зебо бошад...
- Ташаккур. Ба ман фақат ҳаминаш намерасид,-гуфта Анатолий аз ҷо хест ва ба партизанҳо рӯ овард: - Шунидед, гапашро?
Дар айни қаҳ-қоси партизанҳо командири отряд Пискунов омада монд. - Димоғҳоятон чоқ-ку, даҳони ҳама пур аз ханда.
- Ҳамин Саша Биденко-дия, аз латифа гуфтан ҳеҷ хаста намешавад, - ҷавоб дод партизане.
- Дар бораи немисҳо, албатта?
- Ҳам немисҳо, ҳам туркҳо...
Анатолий ба он партизан як каҷ нигоҳ карда гирифт, ки бо ин гуфтанӣ буд: «Аз ман даҳон накушо». Партизан ҳам сар ҷунбонда монд, ки маънои «парво накун, гап намезанам»-ро дошт:
Пискунов Степанро ба гӯшае даъват карда гуфт: - Пагоҳӣ ду нафарро ба сари роҳи калон, ба разведка фиристодам, то ки дар канори беша камин гирифта, аз рафту омади немисҳо ба деҳаи Боровская

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ