Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан
  • Худи ту дучор шавӣ-чӣ? - пурсид Роҳила.
  • Ман? Ҳа-ҳа-ҳа! - баланд хандид Нурҷон. - Аҷаб гапе гуфтӣ-дия. Ман аз ин ҳайвонои ваҳшӣ заррае наметарсам, балки... худи онҳоро тарсонида, ба гурех-тан маҷбур мекунам.

Вай дарҳол ба нақл кардани воқеае сар кард, ки онро ҳафтаи гузашта аз забони дигарон шунида буд:

  • Шаб буд, мо се-чор нафар ҷӯраҳо ба ҷустуҷӯи хари ҳамсоя ба саҳро баромадем. Баногоҳ дар масофаи қариб сӣ-чил метр сиёҳие намудор ва садои номаълум - «хӯрт, хӯрт», - баланд шуд.

  • «Ана, хар дар куҷо будааст», - гуфтам ман оҳиста ба рафиқонам. Мо ба сиёҳӣ боз наздиктар шуда, дурусттар нигоҳ кардем. Дидем, ки хар ва дар назди ӯ саг барин як ҳайвони дигаре низ истодааст. - Гург, бачаҳо! - фарёд кард яке аз рафиқонам. Дар ҳақиқат, он сиёҳии ба саг монанд гург будааст. Вай аз наздик шудани мо бохабар шуда, рӯяшро ба ақиб гардонд. Бачаҳо сахт тарсиданд ва акнун аз ин ҷо гурехтани буданд, ки ман фарёд кардам:

  • Истед! Аз чӣ метарсед! - ва дарҳол аз замин як қабза алафи хушкуро гирифта, ба он гӯгирд задам ва алангаи оташ атрофро равшан кард. - Канӣ, пеш рафтем, бачаҳо!

Бачаҳо аз тарс симчӯб барин дар ҷойҳояшон наҷунбида истода буданд, вале ман оташро баланд бардошта, ҳамин ки ба пеш ду-се қадам гузоштам, гург роҳи гурезро пеш гирифт ва дар як мижа задан аз назар ғоиб шуд. Танҳо баъд аз ин бачаҳо ба ман наздик шуданд. Аз сағрии хар чунон хун мешорид, ки мон-дан гир.

Роҳила чашмонашро калон кушода, бесаброна «баъд чӣ шуд?», «садои «хӯрт, хӯрт» чӣ будааст?» - гӯён ӯро саволборон кардан гирифт.

пешина
аз 349
навбатӣ