Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Афсонагӯӣ чӣ? Боре (ин дар рӯзҳои аввали таҳсил буд) Нурҷон дар бораи девҳо, ки барои несту нобуд кардани одам ва ба даст даровардани манзили ободу зебои ӯ қасд мекунанду аммо дар ҷанги шиддатноки хунин худашон маҳв мешаванд, афсонаеро аз ҳад зиёд воҳиманок карда гуфт. Роҳила ҳамон шаб девҳои бадҳайбатро дар хобаш дида, тарсида бедор шуд ва то худи пагоҳирӯзӣ осуда хоб карда натавонист.
-
Имшаб дар хобам девҳоро дида тарсидам, - гуфт Роҳила дар рӯзи дигар ба Нурҷон. - Минбаъд ин хел афсонаҳоро нагӯӣ.
-
Тарсончакро бинед-а! Кас аз деви набудагӣ ҳам меҳаросидааст-дия, - писханд кард Нурҷон. - Агар шабона дар дашт бо ҳайвони дарранда рӯ ба рӯ шавӣ чӣ? Ба фикри ман, ҳайвони дарранда аз деви афсонавӣ ҳам даҳшатноктар аст.
-
Чӣ хел ҳайвон гуфтӣ? - нафаҳмид Роҳила.
-
Ҳайвони дарранда, - такрор кард Нурҷон бо овози баланд, - шер, паланг, хирс, гург... Медонӣ, ин ҳайвонҳо чӣ хел даррандаанд? Агар ту ба чанголи онҳо афтӣ, пӯст наканда мехӯранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё