Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Даниел Петрович наздик мешуд. Ниҳоят ба хонае, ки дар канори деҳа буд, расида дар паси тавораи чӯбини полиз истод. Аз байни ним соат нагузашта буд, ки ду нафар занро дида монд. Онҳо бо ҳамдигар гап зада аз кӯча мегузаштанд. Степан аз «паноҳгоҳ»-и худ баромада рост ба пеши занҳо рафт ва бо камоли эҳтиром салом дода, баъд пурсид:

  • Мебахшед, хонаи Даниел Петрович дар куҷо?
    Занҳо аз роҳ боз истода, сар то қадами марди ношиносро аз назар гузарониданд. Яке аз онҳо пурсид:
  • Шумо мусофиред?
    Степан табассум карда гуфт:
  • Мусофир нею ҳамсоя гуфтан мумкин. Ман аз деҳаи Боровская, ба Даниел Петрович кор дорам.
  • Гестапочиён дастони Даниел Петровичро баста ба ҷои номаълуме гирифта бурданд, - гуфтанд занҳо.
  • Пас оилааш чӣ?
  • Оилааш дар ҳамин ҷо, хонааш ҳо ана дар он тарафи роҳ, аз тарафи дасти рост панҷум.
    Степан ба тарафи рости кӯча гузашта, ба хонаи Даниел Петрович омада, дарро кӯфт. Аз хона духтарчаи тақрибан нӯҳсола баромад. Степан пурсид: «Модарат дар хона?». «Не, - ҷавоб дод духтар, - дина аз паси падарам баромада рафта буд ва ҳанӯз барнагаштааст». Аз ҳавлии ҳамсоя кампире баромада, ба Степан фаҳмонд, ки фашистон коммунистону фаъолонро таъқиб карда истодаанд: онҳо дирӯз Даниел Петрович ва боз чор нафар коммунистро дастгир карда, назди комендант бурданд, Евгения Петровна бошад, барои халос кардани шавҳараш назди коменданти шаҳр рафт. Баъд кампир ба Степан гуфт, ки ҳамин замон политсайҳо омада мемонанд, эҳтиёт шавад, ба дасти онҳо наафтад.
    Степан аз кампир каме нон ва як порча равғани хук гирифта, боз бо ҳамон роҳи омадааш аз даруни полизу боғҳо гузашта, ба канори рости деҳа баромад.
пешина
аз 349
навбатӣ