Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҷои болини нарм аз кундаи дарахт истифода мебурдем-дия». Вай якпаҳлу ба замин дароз кашида, сарашро ба рӯи кунда гузошт. Степан ният дошт, ки як-ду соат хоб рафта кӯфтагии роҳро барорад ва сониян ба куҷо рафтану бо кӣ маслиҳату машварат карданашро дурусттар фикр кунад. Аммо хобаш намебурд:
тамоми фикру зикраш ба аҳли оилааш банд буд. Аз хусуси он, ки дар бешазорҳои вилояти Ворошиловград отрядҳои партизанӣ ва дар марказҳои ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо гурӯҳҳои пинҳонии партиявию комсомолӣ ташкил ва қисме аз онҳо аллакай ҷасурона амал мекунанд, Степан огоҳ буд. Вай албатта отряди партизаниро ёфта, ба он ҳамроҳ мешавад ва то ҷон дар бадан дорад, ба муқобили душмани ғаддор мубориза мебарад. Лекин мегӯянд, ки «Офтобро бо доман пӯшонида намешавад», пас имрӯз ё фардо партизан будани ӯро мардум мефаҳманд ва албатта хоине ин хабарро ба фашистони немис мерасонад. Он гоҳ тақдири оилааш чӣ мешавад?
Чӣ мегӯед, ки Степан тамоми шабро мижжа назада гузаронд. Вай пагоҳии барвақт, ҳанӯз субҳ надамида аз ҷой хест ва роҳи деҳаи Рогачеворо пеш гирифт.
Дар ин ҷо бо рафиқи деринааш Даниел Петрович, ки то омадани немисҳо монанди худаш котиби шӯрои деҳа шуда кор мекард, зиндагӣ менамуд. Онҳо аз рӯи адои вазифа зуд-зуд ба кумитаи иҷроияи шӯрои вакилони халқии ноҳия рафта, бо якдигар вомехӯрданд, дар ҷаласаҳо иштирок мекарданд.
Степан аз беша баромада, аз роҳи мошингард гузашт ва бо пайраҳа рафтан гирифт. Аз канори беша то деҳаи Рогачево тақрибан сию панҷ километр роҳ буд. Вай дар ҳар ҷо дам гирифта-дам гирифта, қарибии бегоҳӣ ба деҳа расид.
Степан аз тарафи роҳ ба деҳа даромаданро хавфнок
дониста, аз байни боғу полизҳо гузашта, ба хонаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё