Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Степан як-ду қошуқ шӯрбо хӯрда, Варвараро ба оринҷаш нихта кард. Варвара низ нӯшид. Степан бошад, ба истаконҳо боз арақ рехта, ба гапаш сар кард:

  • Ба панҷ коса нею ба чор коса хӯрок оварданат қариб дуруст баромада буд...

  • Намефаҳмам, ки чиҳо мегӯй, Степан, - гуфт бо тааҷҷуб Варвара.

Степан қаҳқас зада хандид.

  • Қариб ба он дунё фиристода буданд, мефаҳмӣ, ба он дунё!

  • Фашистон?

  • Не, одамони худамон.

  • Чи хел?

  • Ҳангоми ба хона омаданам дар роҳ дарафтоданд, дастҳоямро бастанд, ба даҳонам латта андохтанд ва акнун ҷасадамро кашола карда, ба назди симчӯб мебурданд, ки ба бахтам Миша-бобо омада монд. - Вай арақи истакони дуюмро низ холӣ кард.- Пирамард халос кард.

  • Ҳа, лаънатиҳое, қасди овехтан доштанд-а?

  • Қасд-а. Агар Миша-бобо намеомад, яқин меовехтанд ва ҳозир ман ҳамроҳи шумо дар ин ҷо неменишастам. Вақте ки бачаҳо хоб рафтанд, Степан Варвараро меҳрубонона ба оғӯш кашид ва аз пешониаш бӯсид.

Варвара:

  • Гапе гуфтан мехоҳӣ. Ҳамин тавр?

Степан:

  • Оре.

Варвара:

  • Гап зан, гӯшам ба ту.

Степан:

  • Варвара, ман бояд аз ин ҷо равам.

Варвара:

  • Куҷо? Назди комендант?
пешина
аз 349
навбатӣ