Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Андрейка сарашро хам кард:
- Баромадам, - гуфт ӯ мисли бемори беҳолу бемадор, - бачаҳо ба бозӣ роҳ надоданд, «писари хоин, хушомадгӯи фашистон» гуфтанд.
Степан сари Андрейкаро ба сандуқи дилаш пахш ва бо ангуштонаш мӯйҳои парешони тиллоранги ӯро шона карда, дилбардорӣ дода гуфт:
- Не, писаракам, ман хоин нестам, виҷдони коммунистиам роҳ намедиҳад, ки ба фашистони бадкирдор хизмат кунам. Сокинони деҳа инро намефаҳманд ва беҳуда маро дашном медиҳанд.
Варвара Михайловна ба пеши шавҳараш як коса карамшӯрбо оварда монд ва худаш аз тарафи чап дар паҳлӯи ӯ нишастан мехост, ки Степан нигоҳ дошт.
- Арақи дастӣ дорӣ, камтар биёр, нӯшида димогамро андаке ҷоғ кунам. Имрӯз барои ман рӯзи махсус...
Степан аз табассум ба ханда гузашт, ки аз ин Варвара ҳайрон шуда монд.
- Рӯзи махсус? - такрор карда пурсид Варвара.
- Оре, Варвараҷон, - ҷавоб дод Степан, - аввал арақро биёр, баъд гап мезанам.
Ханда ва суханони Степан диққати Андрейка ва хоҳарҳояшро низ ба худ ҷалб кард. Онҳо хӯрок мехӯрданду дам ба дам ба Степан менигаристанд ва намедонистанд, ки ба падарашон чӣ воқеа рӯй додааст.
Варвара Михайловна дар машрафа арақи дастӣ оварда, ба пеши Степан гузошт ва худ дар паҳлӯи ӯ нишаста пурсид:
- Ягон гапи хурсандиовар шунидӣ, ё? Степан ҳам ба худаш ва ҳам ба занаш арақ рехта, истаконашро бардошт.
- Биё, аввал нӯшем, сониян гап мезанам, - гуфт вай ва истаконашро ба истакони Варвара оҳиста расонида, арақро нӯшид. Варвара бошад, ҳанӯз истаконро дар даст нигоҳ дошта, аз шавҳараш чашм намеканд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё