Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Адолат нобоварона ба пеш баромада, дар паси мизи на он қадар калон рафта истод. Вай дафтарро варақ зада, сатрҳои худаш навиштаро тез-тез аз назар гузаронд ва баъд ба ҷамъомадагон муроҷиат карда, дар бораи дӯстӣ ва ҳамкории пешвоёни бузурги инсоният, классикони адабиёти тоҷик ва ӯзбек нақл кард. Аммо ба рафтору кирдори хонандагони синфи худаш ҳеҷ дахл накард. Он вақт роҳбар ба пионерон муроҷиат карда гуфт:
-
Кӣ савол дорад? Мумкин аст ягон кас илова кунад? Ҳама хомӯш буданд. Худи роҳбар гуфт:
-
Вақте ки ман дар синфи 5-ум мехондам, як рӯз вазифаҳои хонагиро тайёр накарда, ба мактаб омадам. Ба сар шудани дарс вақт хеле кам монда буд, бо вуҷуди ин ман аз як рафиқам хоҳиш кардам, ки барои рӯбардор карда гирифтани вазифаҳои хонагӣ дафтарашро ба ман диҳад. Рафиқам дафтарашро надод ва ман аз вай ранҷида чанд рӯз гап назада гаштам. Акнун ту гӯй, ки оё кори рафиқи ман дуруст буд?
-
Инашро намедонам, - гуфт Адолат ва зуд сурх шуд. - Ба ин савол кӣ ҷавоб медиҳад? - пурсид роҳбар аз пионерон.
-
Ман! - гуфт яке аз ҷамъомадагон. Ҳама ба тарафи он бача нигоҳ карданд. Вай раиси шӯрои отряд Ибод буд.
-
Он бача дуруст рафтор кардааст, ки дафтарашро надодааст, - ҷавоб дод Ибод.
-
Чаро? - пурсид вожатий (роҳбари пионерон). - Сабабашро гуфта метавонӣ?
-
Сабабаш ҳамин, ки, - боз ҷавоб дод Ибод, - рӯбардор кардани вазифаҳои хонагӣ кори бад аст, аз он кас ҳеҷ чизро намефаҳмад ва фақат худашро фириб медиҳад. Агар хонанда меҳнат карда, вазифаҳои хонагиро худаш мустақилона тайёр кунад, он вақт мавзӯъро боз чуқуртар мефаҳмад ва хуб дар хотир нигоҳ медорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё