Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

мекунем. Адолат ҳам ба роҳрав баромада, зиёда аз 10 дақиқа мунтазир шуд, вале ӯро даъват намекарданд. «Дар бораи ман чӣ гапҳое гуфта истода бошанд? - фикр мекард Адолат норозиёна. - Чаро худамро даъват намекунанд?».

Вай ба ин саволҳои худ ҷавобе ёфта натавониста, дар роҳрави дароз бесаброна пасу пеш роҳ мерафт. Ниҳоят дари ҳуҷраи корӣ кушода шуда, аъзоёни шӯрои отряд аз он ҷо баромаданд.

  • Маслиҳат карда ба ту як супориш доданӣ будем, - гуфт роҳбар, - вале бо дигар масъала овора шуда, вақтро гузарондем. Акнун пагоҳ чӣ кор карданатро худам мегӯям, лозим ояд, ёрӣ ҳам мерасонам.

Адолат бо шунидани ин суханҳо худро хеле сабук ҳис кард ва дар дил «Хайрият, Мамлакат гап назада будааст», - гӯён ба сӯи хонаашон равон шуд. Рӯзи дигар роҳбар Адолатро ба наздуш даъват карда, гуфт:

  • Вазифае, ки ба ту месупорем, аз ҳамин иборат: ту бояд бо пионерони отряд дар бораи дӯстӣ ва рафоқат суҳбат гузаронӣ. Ба ҷамъ кардани мавод ва далелҳо худи ман ба ту ёрӣ мерасонам.

  • Ман аз ӯҳдаи ин кор намебароям, - гуфт Адолат. - Охир, пионерони фаъол бисёр-ку!

  • Ҳеҷ гап не, - фаҳмонд роҳбар, гап заданро ёд мегирӣ ва нутқатро инкишоф медиҳӣ. Роҳбар Адолатро розӣ карда, баъд маслиҳат дод, ки дар вақти суҳбат махсусан аз дӯстӣ ва ҳамкории гарму ҷӯшони Маркс ва Энгельс, Ленин ва Сталин мисолҳо оварад.

  • Дар ин бора ман мавод ёфта медиҳам, вале ту аз ҳаёти хонандагони мактаб, хусусан синфи 6-ум, ки худат дар он ҷо мехонӣ, мисолҳо нишон деҳ, онҳоро ҳамаҷониба таҳлил кун.

Аз байни якчанд рӯз гузашт ва Адолат ба суҳбат тайёр шуд. Вақте ки ҳама ҷамъ омаданд, роҳбар ба Адолат сухан дод.

пешина
аз 349
навбатӣ