Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
аз ин хукҳояшонро сар зада будем. Дар хотир доред, гуфта будед: «Ин хук не, буққачаи бонӣ кардашуда будааст!».
-
Ҳа-а,- гуфта монд немис. Политсай сарашро сӯи писарбача яктарафа хам карда, кунҷковона пурсид:
-
Дар он ҷое, ки замбӯруғҳо ҷамъ кардӣ, бо... - политсай мехост «бо партизанҳо» гӯяд, вале бо андаке ин тавр гуфт, - бо одамони яроқдор вонахӯрдӣ?
-
Бо одамони яроқдор? - пурсид писарбача ва андешамандона сарашро хам кард. Чашмони политсай дурахшиданд.
-
Бале, бале, бо одамони яроқдор...
Ҳирко ба политсай як нигоҳ карда, ба фикр фурӯ рафт, гӯё аз худаш мепурсид: «Гӯям-чӣ мешавад, нагӯям-чӣ мешавад?»
Политсай ба ҷӯшу хурӯш омада, гуфт:
- Гап зан, натарс.
Ниҳоят Ҳирко оҳиста гуфт:
-
Се-чор нафарашонро дидам, лекин...
-
Чӣ лекин? - пурсид политсай ба ҳаяҷон омада.
-
Лекин милтиқҳояшон аз они шумо барин не, кимчӣ хел...
-
Милтиқҳои шикорӣ барин?
-
Ҳа, ҳа, милтиқҳои шикорӣ барин...
-
Баъд чӣ?
-
Онҳо маро назди худ даъват карда, аҳволи оилаамонро пурсиданд. Яке аз онҳо ба ман қанду нон дод...
-
Хуб, хуб, - гуфт политсай, - аз гуфтаҳои Ҳирко қонеъ гардида. - Лекин нашунидӣ, ки байни худ чӣҳо мегуфтанд? Канӣ, ба хотир биёр!
Ҳирко чанд дақиқа фикр карда, ниҳоят гуфт:
- Фақат ҳаминашро шунидам, ки одамие маро зиёфат карда ба рафиқонаш гуфт: «Даста кай бармегашта бошад? Агар медонистем, хӯрок пухта мемондем...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё