Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан
  • Ҳой, бачаи ҷандапӯш! — гуфт политсай хитоб карда.
  • Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?

Писарбача аз тарси он ки замбӯруғҳояшро кашида нагиранд, саросемавор онҳоро бо ҳар ду дасташ пӯшонда, бо тарсу ҳарос сар бардошт. Вай дар назди худ афсари немис ва политсайро дида, гӯё таскин ёфт ва дастонашро аз рӯи ғарами замбӯруғҳо гирифта, канда-канда гуфт:

  • Замбӯруғ.. аз беша... дар хона чизи хӯрданӣ нест. Афсари немис қаҳқос зада хандид ва бо лафзи худаш кимчӣ гуфт, политсай бошад, фаҳмонд:

  • Ҷаноби афсар дуруст мегӯянд: замбӯруғҳои бӯйноки ту ба мо даркор не, ба худат насиб кунанд.

Афсари қоқинаи айнакдор ва политсай шофмӯйлаб аз хусусе бо овози паст гап заданд, баъд политсай аз асп фаромада, дар муқобили писарбача сари ду по нишаст.

  • Номат чист? - пурсид.

  • Ҳирко, — ҷавоб дод писарбача.

Политсай замбӯруғҳоро аз назар гузаронда, сетоашро ҷудо карда гирифт ва аз Ҳирко пурсид:

  • Медонӣ, инҳо чӣ хел замбӯруғ?

  • Не, - ҷавоб дод писарбача сар ҷунбонда. - Бори аввал аст, ки замбӯруғ ҷамъ мекунам.

  • Инҳо замбӯруғҳои заҳрдор, каллаварам! — гуфт политсай ва замбӯруғҳоро ба сӯи ҳаво дода, дигарашро гирифт. - Ана инаш гапи дигар. Маховик будааст. Дар ушназор мерӯяд. - Ӯ ба Ҳирко синчакунон нигариста баъд якбора ба таври ҷиддӣ пурсид: - Дар ин ҷо, дар канори беша алафи ушна намерӯяд-ку, ту онҳоро аз куҷо ҷамъ кардӣ?

  • Аз ҳамгашти сой, аз ин ҷо қариб се километр...-ҷавоб дод Ҳирко ва телпакашро, ки сараш ба даруни он ғӯтида рафта буд, боло кард.

  • Эҳ, ту ба ман шинос-ку, — гуфт политсай ба чашмони кабуди ӯ нигариста ва ба афсар рӯ оварда фаҳмонд: - ин бачаро ман мешиносам, ду ҳафта пеш

пешина
аз 349
навбатӣ