Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

расташро мегуфтам, «ёрии ту ба ман даркор не, ба лагер рав, дам гир» мегуфтед. Падару модарам дар фарогатгоҳ, агар ман ҳам баромада ба лагер равам, як худатон дар ҳавлии танҳо чӣ кор мекардед? Кӣ чой меҷӯшонд, кӣ ҳавлӣ мерӯфт, кӣ ба палҳои гул, ба дарахтон об медод?

— Уҳ балоча! — гуфта монд Ҳанифахола ва аз камоли қаноатмандӣ ба лабони камҳунаш табассум дамид. Вай набераашро сахт ба оғӯш гирифт ва сару рӯяшро меҳрубонона сила карда пурсид: — Ақлат ба ин кор чӣ хел расид?

— Пионерони отряди мо ба ҳавлии пирамарддон, кампирони яккадаст ва занони серкӯдак мераванд, ба кору бори онҳо ёрӣ мерасонанд,— ҷавоб дод Ғаюр. — Ман чӣ хел пионер, ки модаркалони солхӯрдаамро дар ҳавлӣ танҳо гузошта, худам ба лагер мерафтаам?

— Ҳа, балоча-е, - гуфт кампир бо табассум,- даррав гап меёбӣ-а! Хайр, канӣ худат гӯй, барои ин кори хубат ба ту чӣ гӯям, Ғаюрҷон?

Ғаюр даррав ҷавоб дод:

— Ба ман ҳеҷ чиз лозим не, бибиҷон, фақат монед, ки... ба кабӯтарҳо... охир, кабӯтарҳои ман аз зоти кабӯтарони Гритско... - Вай маънидорона ба модаркалонаш назар карда илова намуд: - Дигар ин, ки ману кабӯтаронам шефи сарҳадбонон. Ин корам беҳуда не, бибиҷон!

— Хӯб, ба онҳо нигоҳубин кун, мон ки адади ин ҷонваракони тезбол зиёд шавад...

Ҳанифахола айнакашро ба чашмонаш гузошта, суханашро давом доданӣ шуд, вале атрофашро аз назар гузаронида, Ғаюрро надод. Вай аллакай дар беруни ҳавлӣ парвози дӯстони худ - кабӯтарони тезпарвозро аз поён бо рағбат тамошо карда, гӯё мегуфт: «Ман шуморо дӯст медорам, кабӯтарони сулҳ!»

пешина
аз 349
навбатӣ