Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

посбонӣ мекунам, то ки душман ба хоки поки мо пои мурдори худро наниҳад...

Нақли Юрий Наумович ба поён расид, лекин Ғаюр ҳанӯз ҳам аз шунидани ҳикояти марги Гритской диловар маҳзуну мутаассир буд ва афсӯс мехӯрд. Ҳанифахола бошад, оҳи сарде кашида, аз Юрий Наумович пурсид:

  • Ин ҳақиқат аст, ё ҳикояти китобӣ?

  • Ҳақиқат, бибиҷон, худам аз сар гузарондам, - ҷавоб дод Юрий Наумович ва ба соаташ назар кард. - Вақт кам мондааст, бояд ҳозир ба маркази ноҳия равам. Ҳанифахола меҳмонро то таги дари ҳавлӣ гусел кард, баъд ба наберааш гуфт:

  • Ту ҳам гаштӣ-дия, вақтро ба корҳои беҳуда сарф карда. Шунидӣ, он бача... Номаш чӣ буд? Ҳа, Гритско... бо ёрии кабутараш чӣ корҳое кардааст! Ту чӣ? Фақат «ду» гирифтанатро медонӣ!

Ғаюр ба модаркалонаш синча карда, сарашро хорид ва дар як вақт табассум карда гуфт:

  • Агар хоҳед ки росташро донед, ман... Не, намегӯям, сарзаниш мекунед...

  • Ана халос, - хитоб кард Ҳанифахола. - Ҳанӯз ақламро нахӯрдаам, ки барои гапи рост туро сарзаниш кунам.

  • Хайр, майлаш, мегӯям, лекин ба як шарт.

  • Бо кадом шарт?

  • Ба шарте, ки ба лагери пионерӣ нафиристонед.

  • Агар ба лагер равӣ, имтиҳонро ба ҷои ту кӣ месупорад? Албатта, намеравӣ. Хайр, ин гапҳоро мону гапи худатро гӯй. Ғаюр худро аз ханда ба зӯр нигоҳ дошта гуфт:

  • Ман... ба шумо... дурӯғ гуфтам...

  • Чӣ-й?

  • Дурӯғ... дурӯғ гуфта будам.

  • Дурӯғ?

  • Ҳа, аз фанни забони модарӣ «2» гирифтам гуфтанам дурӯғ буд, аз ҳамаи фанҳо «5» гирифтам. Агар

пешина
аз 349
навбатӣ