Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
пинҳон шавем: навбати яроқ ба даст гирифтани мо ҳам расид!
Рӯзи дигар отряди партизанӣ ташкил карда шуд. Ходул Афанасиевич аз маркази ноҳия тиру туфанг оварда, як қисми ҷанговаронро мусаллаҳ намуд. Вай пеш аз ба сафар баромадан аз Гритско пурсид:
- Ту қосиди мо мешавӣ?
- Ҳа, мешавам,- ҷавоб дод Гритско.
- Ту чӣ, Юра?
- Ман ҳам,- ҷавоб додам.
- Шумо ҳар як воқеаро дар вақташ ба мо расонда меистед. Танҳо эҳтиёт шавед ва ба дасти душман наафтед.
Ҷанговарони даста ба қадри даркорӣ озуқа гирифта, яке савора, дигаре пиёда сӯи беша равон шуданд. Ману Гритско низ ҳамроҳи онҳо будем. Нисфи шаб ба ҷое омада қарор гирифтем. Ҳеҷ кас хоб накард. Дурусттараш, хоби одам намеомад: сари касро ҳар хел фикрҳо банд мекард. Кадоме аз партизанҳо бо фармони Ходул Афанасиевич гулхан афрӯхт ва мо дар атрофи он давра зада нишастем.
- Чаро хомӯш нишастаем? - гуфт Ходул Афанасиевич, хомӯширо вайрон карда. - Қанӣ, ба овози ман ҷӯр шавед!
Чеҳраи ҳама якбора кушода шуд ва суруди кӯҳнаи партизанӣ оҳиста-оҳиста мавҷзанон ба тамоми беша паҳн шуд.
Пагоҳӣ ману Гритско боз ба сӯи деҳаамон равон шудем. Ба бахтамон, фашистон ҳанӯз ба деҳа наомада буданд ва мо безарар ба хона расидем. Душман танҳо дар рӯзи дигар, соатҳои чори бегоҳ ба деҳа зада даромад. Духтарон ва занҳои ҷавон пинҳон шуданд. Дар хонаҳо танҳо кампиру мӯйсафедон ва бачаҳо монданд. Ману Гритско аз паси тиреза ба берун нигоҳ кардем. Лаънатиҳо дам ба ин ва дам ба он хона медаромаданд, ба нолаю фиғони одамҳо нигоҳ накарда, зану

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё