Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Дар ҳамин ҷои ҳикояи Ҳанифахола ба Юрий Наумович чой дароз кард, маълум буд, ки кампир суханони меҳмонро дилу бедилон гӯш мекунад. Аммо Ғаюр сар то по гӯш шуда, аз гӯянда чашм намеканд ва хомӯш менишаст. Юрий Наумович як қулт чой нӯшида, суханашро давом дод:

  • Ҳамин тавр дӯстии ману Гритско сар шуд. Аз байн қариб як моҳ гузашт. Мо ҳамроҳи Гритско ба беша рафта замбӯруғ мечидем ва натиҷаашро ба воситаи кабӯтар - Холдор ба деҳа хабар медодем. Гритско ба ман чунон одат карда буд, ки агар ду-се соат набинад, тамоми корашро як сӯ гузошта, деҳаро аз як сар ҷустуҷӯ карда мебаромад.

Вай як пагоҳӣ ба хонаи мо саросема зада даромада, бо ҳаяҷон ва овози гирифта гуфт:

  • Юрик, хест-мӣ? Юра, зудтар хез!

  • Чӣ, аламон омад-мӣ, ин қадар шитоб мекунӣ? - хитоб кард модаркалонам. - Бозӣ гурехта намеравад...

  • Рост гуфтед, бибӣ, аламон омадааст, - ҷавоб дод Гритско. - Чӣ хел аламон гӯед - фашистони немис...

  • А-а? - гуфта монд модаркалонам.

  • Ҳа, ҳа, фашистони немис, - такрор кард Гритско, - нав ба воситаи радио хабар доданд: ба хоки мо зада даромадаанд...

Ман дар як мижжа задан ҷаҳида аз кат фуромадам ва аз саросемагӣ куртаамро чаппа пӯшидам. Модаркалонам бошад, гапашро гум карда, ба курсӣ нишаста монд ва беихтиёр салиб кашид. Вақте ки ба берун баромадем, Гритско сар то пои маро аз назар гузаронида, мисли одами калонсол ҷиддӣ гуфт:

  • Ту чӣ, ақлатро хӯрдӣ? Куртаатро роста пӯш! Ман зуд куртаамро аз танам кашида, аз сари нав пӯшидам.

  • Хуб, хизмат? - пурсидам аз ӯ ва ба фармони ояндаи рафиқам нигарон шудам. Охир, вай аз ман се сол калон буд!

  • Падарам ба идораи колхоз рафт, ҳозир бо фаъолон

пешина
аз 349
навбатӣ