Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман сулфа кардам ва гӯё худи ҳозир аз хоб бедор шуда бошам, чашмонамро молида-молида аз кат фуромадам.

  • Ҳа, казак, ин қадар аз хоб дер хестӣ? - пурсид Ходул Афанасиевич чашмонашро нимпӯш карда.- Рафиқонат кайҳо боз чанги кӯчаро ба осмон бардошта гаштаанд.

  • Ҳоло ҳама ҷо нам, чанг нест, - гуфтам дар ҷавоб ва ин ба Ходул Афанасиевич маъқул шуд. Вай қоҳ-қоҳ зад ва наздиктар омада пурсид:

  • Гритскои ман кабӯтаронро дӯст медорад, ту чӣ?

  • Ман ҳам,- ҷавоб додам.

  • Кабӯтар ҷонвари хуб аст. Худи ман ҳам дар бачагӣ кабӯтаронро дӯст медоштам, - гуфт Ходул Афанасиевич ва пас аз фурсате боз пурсид: - Гритско туро ба бозиаш роҳ медиҳад? Ҳа, хуб. Ман ба вай таъкид кардам, ки аз ту бохабар шавад.

Писари раис Гритско аз ман се сол калон буд. Вай бо ҳар кас ӯрагӣ намекард, танҳо онҳоеро ба бозиаш роҳ медод, ки монандӣ худаш далер ва нотарс бошанд. Вай ба ман ҳамчун ба бачаи аз худаш хурдсол бо назари баланд менигарист, лекин ҳеҷ гоҳ намеранҷонд.

Ходул Афанасиевич бо модаркалонам хайрухуш карда рафт. Ман дасту поямро шуста, ширу нон хӯрдам ва баъд ба кӯча баромадам. Рӯз офтобӣ бошад ҳам, ҳаво саҳл сард ва замин намнок буд, дар вақти аз ҷои алафзор гузаштан пойафзол ва шалвори кас тар мешуд. Бачаҳо ба ин нигоҳ накарда, дар чакалакзори паси деҳа ҷамъ омада буданд ва аз ким-чӣ хусус гарму ҷӯшон сӯҳбат мекарданд. Назари ман пеш аз ҳама ба Гритскои дарози логарандом афтод. Вай даст афшонда ва сар ҷунбонда гап мезад.

Гритско маро дида имо кард. Ман тез-тез қадам

пешина
аз 349
навбатӣ