Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

монда, - худ ба худ мегуфтам: «Таъкиди падарашро фаромӯш накардааст, акнун маро ҳам ба бозиаш роҳ медиҳад».

Ман назди онҳо омадам. Дар дасти ҳар кадомашон яктоӣ кабӯтар буд. Гритско маро аз баҳсу мунозираашон огоҳ намуд:

  • Ҳозир деҳотиён барои чӯббурӣ ба беша, ба ҷои дур мераванд. Ман ба бачаҳо гуфтам, ки ҳамроҳи онҳо ба беша меравам ва хатчаеро ба ҳалқаи пои Холдор (ин номи кабӯтараш буд) гузаронда, онро ба ҳаво сар медиҳам. Вай рост ба хонаамон парвоз карда меояд. Лекин бачаҳо бовар намекунанд...

  • Албатта, бовар намекунем, - гуфтанд бачаҳо.

  • Агар Холдор хатро гирифта биёрад-чӣ? - пурсид Гритско.

  • Он гоҳ бозиро мо бохтагӣ ҳисоб меёбем ва ҳар чизеро, ки ту аз мо талаб намой, ёфта медиҳем.

  • Ман розӣ, - гуфт Гритско ва ба ман муроҷиат кард: - Туро, Юрик, намояндаи худам таъйин мекунам, пас аз се соат ҳамроҳи бачаҳо кабӯтарро интизор бош. Талабамро ҳам дар ҳамон хат баён мекунам.

  • Худамон ҳам бе намоянда хат хонда метавонем, - гуфт кадоме аз бачаҳо.

  • Не, ин тавр намешавад, - ҷавоб дод Гритско. - Мумкин аст, ки хатро гирифта мункир шавед.

Гритско бо нигоҳи маънидорона ба ман чашмак зад, яъне бо ин гуфтан мехост: «Хушёр бош, боз туро фириб надиҳанд!»

Бачаҳо пароканда шуда рафтанд. Ман ба хона омада, оғил ва рӯи ҳавлиро рӯфтам, аз чоҳ об овардам. Сонӣ модаркалонамро огоҳ намуда, ба хонаи Гритско-ино омадам. Ҳоло боз хеле вақт монда бошад ҳам, лекин бачаҳо аллакай ҷамъ шуда буданд. Мо саргарми гап шуда, гузаштани вақтро нафаҳмида мондем. Баногоҳ кадоме аз бачаҳо бо овози баланд фарёд зад:

пешина
аз 349
навбатӣ