Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

меистод. Ҷӯрабой ҳам Сатторро дида, ӯро фарёд кард ва сарашро меҳрубонона сила карда гуфт:

  • Биё, писарам, хона меравем, эҳтимол Ҳадичаю модарат хӯрок пухта, ману туро интизор бошанд.
    Ҷӯрабой портфели Сатторро аз дасташ гирифта, ҳамроҳи ӯ аз ҳавлии мактаб баромад. Вақте ки ба дӯкони Эгам расиданд, дари он қуфл буд, худи Эгам дуртар аз дӯкон, дар лаби ҷӯй папирос кашида меистод. Вай дид, ки Ҷӯрабой ба ӯ эътибор надода, аз наздаш гузашта меравад, давида пеши роҳи падару писарро гирифт ва калиди мағозаро дар байни ангуштонаш бозӣ доронида, бо овози ҳалимонаи сохта гуфт:
  • Амак, эҳтимол саратон дард кунад, биёед дар мағоза садтогӣ нӯшем.
    Ҷӯрабой дар як нафас оташ гирифта рафт, гӯё аз чашмонаш оташ меборид. Вай аз гиребони Эгам гирифта, чунон бо зарб ба буни гарданаш фуровард, ки ӯ ба пояш истода натавониста, чаппа шуда ба ҷӯй афтид. Ҳадича дарвозаро кушода, падар ва додаракашро хушҳол дид.

ИНШО

Баҳодур дар суфаи таги ток пояшро дуқат карда, дар рӯи кӯрпача менишасту аз хӯшаҳои ангури лаългун чашм намеканд. Ин токро падараш усто Озар панҷ сол муқаддам, дар ибтидои баҳор шинонда, ба вай гуфта буд:

  • Имсол ту ҳафтсола мешавӣ ва аввалин бор ба остонаи мактаб қадам мегузорӣ. Ман ҳам ин токро бо нияти нек шинонидам, мехоҳам, ки ҳар ду қад кашед, ҳамеша солим, сабзу хуррам, босамароваред...
пешина
аз 349
навбатӣ