Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Панҷ сол муқаддам танаи ток борикак буд ва танҳо се шохаи кал кардашуда дошт, лекин ҳоло ба ҳар тараф навда давонда, тамоми пеши айвонро аз офтоб панаҳ мекард. Ҳосилашро намегӯед! Сарҳои ангур синаҳои говҳои сершир барин ва аз тобиши офтоб лаъл барин медурахшанд...
Баҳодур калонакак ва баду некро фарқ мекардагӣ шудааст. Охир, ҳоло ӯ дар синфи 6-ум мехонад, дар хондан низ бад нест: қариб аз ҳамаи фанҳо баҳои «5» мегирад. Ҳама аз ӯ розӣ, ҳама ба ӯ таҳсин мегӯянд. Танҳо худаш аз худаш норозӣ. Аз чунин фанҳои душворфаҳм - алгебра, арифметика, геометрия ва физика бо баҳои «5» мехонаду аз фанҳои забону адабиёт, ки ба назар гӯё осон менамоянд, баҳои «4» ва баъзан «3» ҳам мегирад. «Ҳаракату баракат гуфтаанд, - мегуфт ба вай муаллима Носирова, - ҳама чиз ба саъю кӯшиши худат вобаста: азм намой, аз ин фан низ баҳои аъло гирифта метавонӣ...»
Баҳодур ҳам соатҳои дароз мижжа назада китоб мехонд, вазифаҳои хонагиро бодиққат тайёр мекард, бо вуҷуди он «4» ва баъзан «3» мегирифт. Ана ҳозир ҳам дар кадом мавзӯъ иншо навистанашро надониста гаранг шуда нишастааст. «Фардо душанбе, дарси аввалин адабиёт:... - гузаронд аз фикраш, - иншо навиштан шарт, вале дар кадом мавзӯъ?».
- Дар бораи ана ҳамин ток нависам-чӣ? - ногоҳ ба хотир овард ӯ. - Падарам онро кай шинонида буданд? Ба чӣ ният? Аввал чӣ хел буд ва ҳозир чӣ хел?
Баҳодур чанд лаҳза фикр кард, лекин барои ифодаи андешааш суханҳои мувофиқ ёфта натавонист. «Аз ҳаёти падару модарам нависам чӣ? - ба хотир овард Баҳодур.- Падарам - дуредгар, модарам - ресанда, ҳар ду ҳам аъзои бригадаи меҳнати коммунистӣ. Боз чӣ? Онҳо ду писар доранд: калониашон - ман, хурдиашон - Салим...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё