Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Муаллима ба ҳуҷра даромада, аз омадани Ҷӯрабой хабар дод...

  • Гӯед, дарояд, - фармуд Қосимов. Муаллим ҳанӯз аз ҳуҷраи корӣ напаромада буд, ки худи Ҷӯрабой даромада омад. Вай парешонхотир менамуд, аз афташ, аз чӣ сар задани гапро пайхас мекард.

  • Шинед, - гуфт Қосимов курсиеро ба Ҷӯрабой нишон дода. - Сабаби даъват карданамонро медонед?

  • Не, рафиқ Қосимов, - ҷавоб дод Ҷӯрабой, - марҳамат, гап занед. - Ман аз рафиқони ҳамқадаҳи Эгам шунидам, ки шумо ба мо дурӯғ гуфтед, Хадичаро назди амааш нафиристода, тӯй карда, ба Эгам доданӣ будаед. Ин гап рост аст?

Сари Ҷӯрабой хам шуд, вай ҷавоб надода, хомӯш
менишаст. Қосимов суханашро давом дод:

  • Инро Мулло Носир ҳам, ки хостгор шуда назди
    шумо омада будааст, тасдиқ кард.

  • Росташ, ки ваъда дода будам, лекин... Гап дар даҳони Ҷӯрабой ногуфта монд, вай мехост ҷавоби муносибе диҳад, вале сухан намеёфт. Чанд дақиқа ба хомӯшӣ гузашт, Қосимови логарандоми хушсимо ҷиддӣ ва асабӣ менамуд. Вай дигар гап намезад, танҳо дар паси мизи кориаш бо сари хам қадам зада фикр мекарду халос. Барои Ҷӯрабой ин дақиқаҳо аз як рӯз ҳам дарозтар ва азобовар гузашт. Вай ҷӯссаи бузургашро базӯр бардошта, аз ҷо хест, бо остин арақи рӯяшро пок кард, сониян бо овози гирифта, вале қатъӣ гуфт:

  • Рафиқ Қосимов... Хадича таҳсилашро давом медиҳад... Эгам тори мӯяшро намебинад...

Ҷӯрабой бо хотири мушававаш аз ҳуҷраи кории директор баромад. Гарчанде дарс кайҳо ба охир расида, мактаббачаҳо пароканда шуда рафта бошанд ҳам,
Саттор бо бачаде дар саҳни мактаб тӯббозӣ мекард.
Ин, албатта, баҳона буд, вай падарашро интизор шуда

пешина
аз 349
навбатӣ