Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
Аз туст кунун маро ҳама шодиву ғам,
Аз туст чи бахти неку толеи бадам,
Дил сафҳаи нонавиштаи дафтари туст.
Бинавис, чи мехохӣ ба дасти ту қалам.
Ҳар гул зи баҳори нав нишон аст маро.
Ҳар қатра ба руд ҳамзабон аст маро,
Ин қадр ба чашми кам мабин, эй ғофил,
Дар сина ниҳон баҳри дамон аст маро.
Дур аз ту дилам шод нашуд, шод нашуд,
Бе ту сарам аз хиҷолат озод нашуд.
Бе ту қадаме пеш ниҳам пас мерафт,
Бе ту мадади табъи худодод нашуд.
Дар чашми рамузбин тамошост китоб,
Гар кайфияте шиносӣ, дунёст китоб,
Эй бехабар, аз бузургиҳои қатра,
Гар ғӯта задан тавонӣ, дарёст китоб.
Эй қатраи пок, роҳи худ гум накунӣ,
Бе рӯд дар ин ҷода талотум накунӣ,
Ҳастии ту як ҳалқаи ин занҷир аст,
Хуш дор, ки ин силсиларо гум накунӣ.
Онам, ки талотум аз вуҷудам наравад,
Аз дил шарарам ба тирадудам наравад.
Ошуфтагии сари ҷавонам боқист,
Ин сӯзи ҳаёт аз сурудам наравад.
Наврӯз расид рубоб дар даст баро,
Аз ишқ чу гул хумор нашикаст, баро.
Ман рози дилам ба гӯши гулҳо гӯям,
Гар накҳати гул шамиданат ҳаст баро.
Тасвири ту бо қалам муяясар нашавад,
Ташбеҳи ту моҳу меҳру ахтар нашавад.
Дар нозукиву лутфу адоҳо суханам
Бо мисраи қоматат баробар нашавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё