Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
Чун лола агар бо диле доғам бошам,
Он беҳ, ки гиёҳи боғу роғе бошам.
Қандил нашавам ба қасри шоҳон харгиз,
Дар кулбаи бенаво чароғе бошам.
Хоҳам ба мисоли оби дарё бошӣ,
Гаҳ гулшану гаҳ бодияпаймо бошӣ,
Ҷӯшиву хурӯшиву ситези аммо,
Дар тирамоҳи умр мусаффо бошӣ.
Гар ғунча ниқоб медарад хушнудам,
Гар чашма ба рӯд мебарад, хушнудам.
Аз лонаи хештан агар чуҷаҳаке,
Рӯзе чу уқоб мепарад, хушнудам.
Ман рози дилам ба кӯҳҳо гӯям,
Таскини дилам зи тоби дилҳо ҷӯям.
Чун дона миёни хоки раҳ гум шудаам
Шояд ки ба иқболи ту фардо рӯям.
Ман қатрааму зиндагиам ошӯб аст,
Домони яке рӯд маро матлуб аст.
Аз халқ канора ҷустан кӯрдилист,
Аз хеш гаҳе канора ҷустан хуб аст.
Гаҳ бар гулу гаҳ ба боғбон механдам,
Гаҳ ба худу гаҳ ба бехудон механдам.
Ҳар кас, ки ба ҷуз хеш касеро нашнохт,
Хомӯш ба сармастии он механдам.
Дар хилвати хеш гӯи Афлотунӣ,
Аз бехабарӣ муаллими гардунӣ.
Пое ба замин гузору чашме бикушо.
Дар ҳар қадаме бинӣ зи худ афзуне.
То ғунча шукуфт, субҳидам мегузарад,
Ғавғои таккабури ту ҳам мегузарад,
Аз ёри нахуст дил набардор ба саҳл,
Ин бахти хуш аз кӯи ту кам мегузарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё