Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Оре, оре, барои ояндаи дур
Пайғому дуруди ман, саҳар омадааст.
Нилуфари навраси баҳорандомам,
Эй чашмкабуди ман, саҳар омадааст.
Бархез, ба рӯи шамс оғӯш кушо,
Эй субҳвуҷуди ман, саҳар омадааст.
феврали 2007

ТОҶДОРОНЕМ

Мову ту соҳиби истиқлолем,
Насли Сомонии шоҳинболем.
Сарбаландему накӯиқболем,
Чун алиф мо, на ба мисли долем.

Гар ту аз Рашт ва ё Помирӣ,
Ё ки аз Суғдиву ботадбирӣ,
Ё ки хатлонии оламгирӣ,
Ё душанбегии ботафсирӣ.

Ориё манзили мо, маскани мо,
Ориёии ҷаҳон ҳамтани мо,
Покии зотии мо ҷавшани мо,
Сабзу сабзанда бувад Майҳани мо!

Ваҳдатобод шавад мулки Худо,
Гар ту аз ман нашавӣ ҳеҷ ҷудо,
Эй, биё, бо ту равам пои ба по,
Ман дигар ҳарф бигӯям зи вафо.

Мову ту хушдилу хушиқболем,
Тоҷдорони ҳумоюнфолем.
Бо ҳамему ба чӣ хуш аҳволем,
Мо зи бахти хуши худ меболем.
июли 2006

ВАҲДАТНАСАБАМ

Ҳамвазни калимаи саодат, ваҳдат,
Тавҳиду нубуввату имомат, ваҳдат.
Сарчашмаи зиндагии пурҷӯшу хурӯш,
Сарматлаи хубию асолат, ваҳдат.

Ваҳдат, ваҳдат, ту вожаи Яздонӣ,
Пурнуртарин калимаи Қуръонӣ.
Пуршӯртарин чакомаи ин дунё,
Пурзӯртарин диёнати инсонӣ.

Ман як гулаке зи аҳли шеъру адабам,
Савганд ба номи ту, ки ваҳдатнасабам.
Аз даргаҳи поки он Худованди карим
Ҳамвора туро, туро, туро дар талабам!
феврали 2007
ШИКВА

Имсол маро ту хор кардӣ? Кардӣ,
Рӯ сӯи дигар диёр кардӣ? Кардӣ.
Ҳарфи рухи ман зи ёд бурдӣ? Бурдӣ,
Бегонасифат фирор кардӣ? Кардӣ.
Гуфтӣ, ки ба ишқи хеш содиқ ҳастам,
Хуш нағмаи пойдор кардӣ? Кардӣ.

пешина
аз 82
навбатӣ