Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Ҳамиллату ҳамхудову ҳамдини азиз,
Андешаи панҷу чор кардӣ? Кардӣ.
Дар вақти намози субҳ будам, рафтӣ,
Эй рафта маро фигор кардӣ? Кардӣ.
Бо ҳукми Худо мухолифӣ варзидӣ,
Дар фасли наво шикор кардӣ? Кардӣ.
Ҳамқисмати бовафои худро охир
Бо ҳоли фано дучор кардӣ? Кардӣ.
Ман то Рамазон умеди худ барнаканам,
Ё рафтани устувор кардӣ? Кардӣ!
Бо рафтани худ вале мани дилшударо
Як шоири номдор кардӣ? Кардӣ!
феврали 2007
ЭЙ ЗИНДАГӢ
Эй зиндагӣ, ту рӯи маро зард кардаӣ,
Бо ҳар касе нигоҳи маро сард кардаӣ.
Зан ҳастаму ҳимояти ман кори мардҳост,
Аз беҳимоятӣ ту маро мард кардаӣ.
Дилбар манам, асолати ман дилбарӣ бувад,
Пинҳон, валек ҳусн ту бо гард кардаӣ.
Помол карда нанги кӯҳистонии маро,
Мӯҳтоҷи хону хонаи бедард кардаӣ.
Кай дидаӣ ту лӯъбатакеро муборизе,
Ноҳақ маро ба хеш ҳамовард кардаӣ.
Эй зиндагӣ, ту рӯи маро зард кардаӣ,
Аз беҳимоятӣ ту маро мард кардаӣ!
феврали 2009
ҲАДЯ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё