Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи бемеҳриву бефарқӣ, зи хомӯшиву бебарқӣ,
Зи пеши ҷамъи саргардон, Худо ҳофиз, Худо ҳофиз.
Чи хуш буда ба ҳам будан, ба ҳам бодарду ғам будан,
Вале омад варо поён, Худо ҳофиз, Худо ҳофиз.
Гаронӣ мекунад бар ман аз ин одамсаро рафтан,
Сӯи танҳоиву ҳиҷрон, Худо ҳофиз, Худо ҳофиз.
Ба мисли мурғи вораста, гаҳе шоду гаҳе хаста,
Парам то олами кайҳон, Худо ҳофиз, Худо ҳофиз.
Вале дар чашмҳои худ туро ман мебарам, инак,
Ва ё дар қалби пурармон, Худо ҳофиз, Худо ҳофиз.
Агар бо хеш ҳам монам, агар дарвеш ҳам монам,
Вале бо ёди як армон, Худо ҳофиз, Худо ҳофиз.
Худо хоҳад ба Наврӯзе ба ҳам оем як рӯзе,
Ба уммеди ҳамон даврон, Худо ҳофиз, Худо ҳофиз!

пешина
аз 82