Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Рӯи хуршеди рӯзгарди булӯр.

Омаданҳои ту фузунам кард,
Накҳатат масту сарнагунам кард,
Мақдами нарми махмалиат боз
Нарм аз зоҳиру дарунам кард.

Субҳи зебои Тоҷикистонам,
Субҳи нуронии хуморолуд,
Кош ҳарбора мондагор шавӣ,
Пур зи нилуфари баҳор шавӣ,
Пур зи сабзидану нумӯъ кардан,
Пур зи хушрӯтарин навор шавӣ.

Дар ниҳодат, ки сабзу мавзун бод,
Он чи хушрӯст мон, ки афзун бод,
Он чи бадрӯст мон, ки берун бод.
Субҳ, эй субҳи нуқрагини сапед,
Омаданҳои ту ҳумоюн бод!
сентябри 2005

МАҶЛИСИ ПАРАНДАҲО

Парандаҳо, ки дар нишемане нишастаед
Чун ба маҳфиле,
Маро ба маҷлиси васеи худ
Дигар хабар кунед.
Зи ман чӣ мерамед,
Эй азиз ҷонварон,
Нигоҳи худ ба самти ман дигар кунед.
Ки низ чун шумо шудан ҳавас кунам,
Ҳавас раҳо шудан аз ин қафас кунам.
Ки ин қафас, ки зиндагии одамист номи он,
Маро тамом маҳв кард.

пешина
аз 82
навбатӣ