Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
ОҲУИ МАРДУМНАДИДА
Гар мегурезам аз назари мардумон, Раҳӣ,
Айбам макун, ки оҳуи мардумнадидаам.
Раҳии Муҳайярӣ
Ҷуз кӯҳу кӯҳу кӯҳ дигар ман чӣ дидаам?
Ҷуз сангу сангу санг зи хокам чӣ чидаам?
Ҷуз ранҷу ранҷу ранҷ миёни ҳисори кӯҳ
Аз умри даршитоб чиҳо ман харидаам?!
Дунё надидаам ба ҷуз аз хонақоҳи хеш,
Дар хештан фурӯву зи дунё буридаам.
Умрам зи сивупанҷ ба боло уруҷ кард,
Аммо ба ҳеҷ манзилу дил норасидаам.
Аз лаълу лоҷварду ақиқи диёри худ
Аз мардумони олами берун шунидаам.
В-инак, ба шаҳр боядам абрешимӣ шудан,
Аз шарм гирди хеш аз ин рӯ танидаам.
Вақту фазо тавонадам абрешимӣ кунад,
Ҳоло валек оҳуи мардумнадидаам!
феврали 2005
ИСТИҚБОЛИ СУБҲ
Субҳи зебо, аё даричаи рӯз,
Ин туӣ интиҳои хуфтанҳо,
Ин туӣ ибтидои гуфтанҳо,
Гуфтану раҳ ба раҳ шукуфтанҳо.
Омадӣ боз аз каронаи шаб,
Аз диёри сукути пур аз ҳур,
Аз диёри ситорагони банур,
Аз диёри надида то ба ҳанӯз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё