Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй ёр, ёри баҳмании сахт бодиям.
Ҳамдеҳагони ман ҳама шоҳанду бегиманд,
Ин як манам ягона, ки Раънои одиям!
июли 2005

ИШҚ ДОДЕ ЗИ ХУДОСТ

Ишқро хор макун, хор шавӣ,
Хору афсурдаву афгор шавӣ.
К-он яке ганҷ зи ганҷури Худост,
Пешпояш бизанӣ, зор шавӣ.
Ишқбемор будан дарди хушест,
Солимӣ, гар ту ба он ёр шавӣ.
Ишқ дорад ҳамагӣ як қонун:
Маст шав, маст, ки ҳушёр шавӣ.
Эй ту, Раъно, фақат аз ишқ бигӯ,
То фурӯрафта ба анвор шавӣ.
Дар раҳи ишқ мубориз мемон,
Гар ба зиндону таги дор шавӣ!
ноябри 2006

ОФТОБ, АЗ РУХСАТӢ БАРГАРД!

Офтоб, аз рухсатӣ баргард,
Охир инҷо зулматистон аст.
Охир инҷо чор фасли сол
Бебаҳор асту зимистон аст.
Ман ба абри баҳманӣ дирӯз
Аз мубили худ садо кардам.
Гуфтамаш: Хуршеди тобон ку?
Нест, ҳарчандаш нидо кардам.
Абр гуфто: Ҳазрати хуршед
Ин замон бар рухсатӣ рафта.
Рухсатиаш лек тӯлонист,
Бештар аз чордаҳ ҳафта.
Гуфтамаш: Телфуни дасташ чанд?
Гуфт: Ӯ кушта телефонаш,
Истироҳат рафта ҷои дур,
Ман нагӯям ҷои пинҳонаш.
Офтоб, эй офтоби ҷон,
Бе ту борониву бенурем.
Бе ту бо яъсу алам наздик,
Бе ту аз шавқу фараҳ дурем.
Улвиӣ, аммо вакили мо,
Эй банур, аз рухсатӣ, баргард.
Бозхоҳемат, зарурӣ ту,
Эй зарур, аз рухсатӣ баргард.
декабри 1999

НУРИ ИЛОҲӢ

Эй қиблаи имони ман, эй нури Илоҳӣ,
Аз олами наздик ва ё дури Илоҳӣ.
Боре, ки чу хуршед ба мо рӯй намудӣ,
Бар гармии хуршеди фалак нур фузудӣ.
З-он дидани яклаҳза якумрӣ шудаам маст,
Ҳамроҳи дилам аз пайи ту сабр шуд аз даст.
Он соати фархундаву он рӯзи ҳумоюн
Дигар зи хаёлу назарам чун биравад, чун.
Сар то қадами ту чӣ қадар нуру зиё буд,
Он маъҷизи зоҳиршуда ё ин ки Худо буд.
«Эй нури Худо дар назар аз рӯи ту моро,

пешина
аз 82
навбатӣ