Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Бигзор, ки дар рӯи ту бинем Худоро»1.
майи 1998
ШАБОЛУД ОМАДӢ
Дар субҳи бахти ман ту шаболуд омадӣ,
Бешустушӯ зи манзили пурдуд омадӣ.
Ҳарфи муҳаббатам ба лабам торумор гашт,
Чун бо ситез, зишт чу Маҳмуд омадӣ.
Мехостам, ки омада бо худ дилам барӣ,
Оре, ки омадиву чи бесуд омадӣ.
Охир барои бурдани дил инчунин наё,
Гӯё барои бурдани амруд омадӣ.
Аз он сӯе, ки омадаӣ, бозпас бирав,
Аз он сӯе, ки хушдилу масъуд омадӣ.
Эй бевузӯ, дар омаданат рамзи рафтан аст,
Яъне на бар дуруд, ба падруд омадӣ.
Ҳурмуздмазҳабии ту, ҷоно, куҷо шуда,
Ҳурмоскеш гаштаву беҷуд омадӣ.
Дар субҳи бахти ман ту шаболуд омадӣ,
Гӯё барои бурдани амруд омадӣ.
июли 2005
САВОЛ БА ЁР
Аз кишвари мо рафта, пушаймон шуда бошӣ?
Бар нағмаи порина ту пазмон шуда бошӣ?
Байт аз Ҳилолист.
Аз рафтанат аз манзили саршори муҳаббат,
Эй, ёр, пушаймон шуда, гирён шуда бошӣ?
Эй нусхаи хуршед, дар он мулки заминӣ,
Муштоқи рухи духти кӯҳистон шуда бошӣ?
Гумкардаи сомонаву сомону сарам ман,
Ту соҳиби сомонаву сомон шуда бошӣ?
Эй дур,ту, эй нур, ту, эй ҳур, ту, эй зӯр ,
Огоҳ зи аҳволи заифон шуда бошӣ?
Як вақт будӣ ошиқи чашмони кабудам,
Ёдовари ин ранги дурахшон шуда бошӣ?
Эй нусхаи хуршед, дар он мулки заминӣ,
Пазмон ту ба Раънои Бадахшон шуда бошӣ?
майи 2000
МАН ОМАДАМ
Ҳарфро тайёр кун, ман омадам,
Шавқро бедор кун, ман омадам.
Маст бошад, паст бошад, фарқ не,
Ҷумларо хушёр кун, ман омадам.
Табл зан дар кӯю барзан,табл зан,
Хонаро бозор кун, ман омадам.
Бас дигар коҳидарӯӣ, бас дигар,
Чеҳраро гулнор кун, ман омадам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё