Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ману ту ҳосили як лаҳзаи тӯфон ҳастем.
Дигарон ҳаст шуда дар дили дунёи васеъ,
Ману ту вориси сарсахти кӯҳистон ҳастем.
Ману ту кӯҳнатарин халқи ҷаҳони куҳанем,
Ману ту тозатарин насли хиёбон ҳастем.
Ману ту Машҳаду Шерозу Зарафшону
Ҳисор,
Ману ту Балху Бухорову Бадахшон ҳастем.
Чӣ басо Чингизу Темур ва Сикандар дидем,
Ману ту ғарқаи хуни худу ёрон ҳастем.
Чӣ қадар мардуми мо ҳаст парешон ба ҷаҳон,
Ману ту ҷамъи заифони парешон ҳастем.
Ту биё, дӯст биё, зӯр ба ҳам бахшоем,
Ману ту нарм чу афсонаи борон ҳастем.
Ту биё, дӯст, биё, нур ба ҳам бахшоем,
Ману ту сард чу хуршеди зимистон ҳастем.
Ту вале зӯру қавӣ бош, азизам, охир
Ману ту боиси ҳангомаву исён ҳастем.
Ману ту ҳамватани лаълу ақиқу гуҳарем,
Ману ту ҳамнасаби шамси дурахшон ҳастем!
сентябри 2008

ДИГАР ШЕЪРЕ НАМЕГӮЯМ

Ту, эй дарё, чӣ медонӣ, ки ман дарёнасаб ҳастам,
Ту, эй зебо, чӣ медонӣ дигар маъноталаб ҳастам.
Ту, эй садбарги кӯҳистон, маё аз тори кӯҳ поён,
Ки ман аз омаданҳоям ба аҳволи аҷаб ҳастам.
На шаҳриям, на деҳотӣ, аҷоиб лӯъбате гаштам,
На хоҳони хамӯшиям, на хоҳони тараб ҳастам.

пешина
аз 82
навбатӣ