Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба шонаҳои бузургаш ба меҳр такя бикун,
Ба пайкари хуши он фарди хушнамуд дуруд.
Бале, ба мулки азизе, ки Рӯдакӣ он ҷост,
Бигӯ зи номи ман, эй дил, пас аз суҷуд дуруд.
Ба пои пири хирадвар намози шукр гузор,
Ба зоти поку кабираш бигӯ дуруд, дуруд!
сентябри 2008

ЗИ НАВ БАҲОР МЕРАСАД

Баҳор боз бо ҳамон раҳи баҳор мерасад,
Ба гӯши ман таронаи баҳори пор мерасад.
Зи нав мадор мерасад, зи нав хумор мерасад,
Зи нав умеди рафтани шабони тор мерасад.
Зи нав ҳамели мӯҳраро ба дасту гарданам кунам,
Ки он зи даври наврасӣ ба ёдгор мерасад.
Ба бар кунам сари саҳар қабои атласии худ,
Зи нав фурӯғи нилгун ба чашми чор мерасад.
Ба ормони хуфтаам иҷозати сафар диҳам,
Ки фарвадини нозанин ба ихтиёр мерасад.
Ба одаму гулу гиёҳ, ба обу офтобу моҳ,
Бубин, ки лутфи нури ҳақ чӣ бошарор мерасад.
Нуфуси улвӣ аз само, нуфуси сифлӣ аз саро,
Ба шодбоди якдигар чӣ меҳрбор мерасад.
Баҳорзодаам ману биё ба зодрӯзи ман,
Биё, ки солам ин сафар ба як виқор мерасад!

ҲАМНАСАБИ ХУРШЕДЕМ

Ману ту ашки ниёгони пурармон ҳастем,

пешина
аз 82
навбатӣ