Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ё маҳв аз ҳарфи ду-се нодидаи коно шудӣ?
Ё азм кардӣ чун тулӯъ бо хоҳиши неки нумӯъ
Дар сояи абри сияҳ пинҳон дар он асно шудӣ?
Бартоб, Қуръон ёри ту, тӯъмори Яздон ёри ту,
Ё маҳв аз ҳарфи ду-се нодидаи коно шудӣ?
феврали 2007
ГУЛИ ЗЕРИ БАРФ

БА МАРДИ МУҲОҶИР

Ин шеваи дилгудоз то кай, то кай?
Ин пастии бефароз то кай, то кай?
Рӯ сӯи диёри ғайр кардӣ, эй дӯст,
Ин ҳиҷрати пурниёз то кай, то кай?
Гулрӯяки шуғние туро пазмон аст,
Улфат ба бути Ҳиҷоз то кай, то кай?
Гуфтӣ раваму баҳор бармегардам,
Ин н-омадани дароз то кай, то кай?
Аз ман раваду ба кӯи ту пар бикашад,
Ёдам ба гаҳи намоз то кай, то кай?
Бо ёди туи ғариб ҳар шоми Худо,
Хуфтан ба ду чашми боз то кай, то кай?
Бар қоғазу бар қалам зи дилхунии худ
Бикшодани ҳарфи роз то кай, то кай?
Ин дурии хастасоз то кай, то кай?
Хуфтан ба ду чашми боз то кай, то кай?!
майи 2006

БӮИ БАРФ МЕОЯД

Аз самои беахтар, аз хироми ин ар-ар,
Аз санавбарони тар бӯи барф меояд.
Фасли меҳр охир шуд, фасли сеҳр охир шуд,
Фасли шеър охир шуд, бӯи барф меояд.
Эй баҳорзоди ман, эй баҳордоди ман,
Оташи ниҳоди ман, бӯи барф меояд.

пешина
аз 82
навбатӣ