Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ҒАЙР АЗ ҚАМАР МАГӮ ҲЕҶ
Эй дил, дигар магӯ ҳеҷ, шому саҳар магӯ ҳеҷ,
Беҳуда гуфтаҳоят, беҳудатар магӯ ҳеҷ.
Аз илми шеър гуфтан, ҷонам, хабар надорӣ,
Шӯру шарар надорӣ, пас бехабар магӯ ҳеҷ.
Гар шеър гуфтаниӣ, баргӯй мавлавивор,
Гар ҳамчу ӯ нагӯӣ, пас барҳадар магӯ ҳеҷ.
Назму низом дорад дунёи шоириҳо,
Гар ғофили низомӣ, зеру забар магӯ ҳеҷ.
Бо ҳеҷи гуфтаи худ то ҳеҷ ҷо расӣ ту,
Раҳ сӯи қалб дур аст, аз ин сафар магӯ ҳеҷ.
Дунёи шоириҳо баҳри ҳунарварон аст,
Бо аҳли шеърдонон ҷуз шеъри тар магӯ ҳеҷ.
Ин рӯҳи Шамси Табрез н-осуда шуд зи ҳарфат,
Осуданӣ нагӯӣ, ҳарфи зарар магӯ ҳеҷ.
Гӯӣ муриди Шамсам, лекин муриди нодон,
Бо Шамси оламоро ғайр аз қамар магӯ ҳеҷ!
майи 2007

САРШОР АЗ МАЪНО ШУДӢ
Саршор аз маъно шудӣ, доно шудӣ, доно шудӣ,
Болотар аз Раъно шудӣ, бар дигаре моно шудӣ.
Дар олами шеъру сухан, дар гулшану дар анҷуман
Пӯшида бар хайле дигар чун шеъри Мавлоно шудӣ.
Ҳар қадр мастурӣ агар, бар кас на манзурӣ агар,
Бар орифон, инак дигар хоно шудӣ, хоно шудӣ.
Рӯ кун кунун чун офтоб оҳиста аз пушти саҳоб,
Бартоб, зеро пуршарар, ҷоно, шудӣ, ҷоно шудӣ.
Бартоб, бенурӣ чаро, аз одамон дурӣ чаро?

пешина
аз 82
навбатӣ