Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Нағмаи най мешунавӣ, баъди он
Нағмаи танбӯри ниё мекунем.
Куртасафедам, ту биё, чарх зан,
Дастфишон шӯру наво мекунем.
Базми фалакҳост чу рақси самоъ,
Мисли фалак ҳодисаҳо мекунем.
Ҷомаи дарвешӣ пӯшу биё,
Шайх шаву аҳди вафо мекунем.
Зовия барпо бинамо, ай азиз,
Зовияро ишқсаро мекунем.
Ҷумла азизон ҳамагӣ омаданд,
«Маснавии маънавӣ» во мекунем.
Ёд кунам, ёд зи Мавлои Рум,
Ёдкунон шукри Худо мекунем.
Ёр, биё, ёр, сахо мекунем,
Рақси хуше баъди сало мекунем.
майи 2007

МУАММО ДОРАД

Ишқи зебои аҷиби ту муаммо дорад,
Олами дуру қариби ту муаммо дорад.
Меҳри ирфонии волои ҷаҳонафрӯзат,
Пири тадбиру табиби ту муаммо дорад.
Оташ афрӯхта дар хирмани андешаи ман,
Шӯълаи нори наҷиби ту муаммо дорад.
Хуш сало гӯиву хуш ҳарф зи тавҳиду салом,
Ҳастии поки хатиби ту муаммо дорад.
Хасми ҷонии мананд он ҳама ноёронат,
Ҷумла ағёру рақиби ту муаммо дорад.
Ною ҳам рақси самои ту хушам меояд,
Воизиҳои лабиби ту муаммо дорад.

пешина
аз 82
навбатӣ