Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баҳром Фирўз 1 ноябри соли 1939 дар яке аз шаҳракҳои дурдасти тоҷикнишини Нуратои Самарқанди бостонӣ дида ба олам кушода, айёми бачагиашро дар деҳаи кўҳистони бобоияш-Устук гузаронида, дар ҳамон ҷо мактаби ҳафтсоларо хатм намуд. Шавқи касбу ҳунар ўро хеле барвақт-баъди ба итмом расонидани мактаби ҳафтсола ба маркази кўҳани илму фарҳанг-Самарқанд бурд, дар омўзишгоҳи тоҷикии омўзгорӣ бо устодони дилсўз Мария Аванесовна, Наимӣ рў ба рў кард, ки аз лутфу марҳамат ва ғамхориашон баҳраҳо бардошт.
Баъди хатми омўзишгоҳ ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи омўзгории Хуҷанд дохил шуда, онро соли 1962 ба итмом расонд. Муддате дар кафедраи адабиёти ҳамин донишгоҳ кор кард. Ҳангоми таҳсилу кор дар донишгоҳ бо шоҳасарҳои адибони ҷаҳон ошно шуд, ба каломи бадеъ дил баст. Нахустин таронаҳояшро эҷод карда, аз нависандаи маъруфи тоҷик Раҳим Ҷалил маслиҳату машварат гирифт, ки дар сайқали маҳорати эҷодиаш ёрдам мерасонд. Тақдир ба маркази Тоҷикистон- Душанбе овард, ки устодони маъруф Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Мирсаид Миршакар ҳамеша дастгиру мададгораш буданд.
Вале чи дар марказҳои қадимии фарҳанги тоҷикон-Самарқанду Хуҷанд ва чи маркази нави тоҷикон-Душанбе ёди айёми хуши кўдакию хаёлҳои рангини бачагиро ба сар мебурд.
Аз кўҳсорону оби равони он худро ҷудо тасаввур карда наметавонист. Ҳамин хаёлҳои ширину рангини даврони кўдакию бачагӣ буд, ки ҳар саҳар ба лаби дарё мерафт. Ҳар гоҳе ки фурсату имконият даст медод, бе ҳеҷ тааммулу андеша роҳи дараи Варзоб ё теппаи Самарқандро пеш мегирифт.
Барояш тафовуте надошт, ки айёми гармои тобистон аст ё ҳукмронии сармои зимистон. Муҳим он буд, ки даме, лаҳзае ба таллу теппаҳо баромада, ба оби равон, шаху санги кўҳсорон рози дил мегуфт, сафҳаи хотираҳои гуворояшро варақгардон мекард.
Ба ҷаҳони орзуҳо мепайваст ва гумкардаҳои худро аз нав меёфт:

Гузашта аз баланду пасти дунё
Ба оғўши ту оям боз фардо.

пешина
аз 119
навбатӣ